Раҳим Ҳошимов
Раҳим Иброҳимович Ҳошимов | |
Таърихи таваллуд | 1939 |
Зодгоҳ | Қарағанда, Қазоқистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Раҳим Иброҳимович Ҳошимов (1939, шаҳри Қарағандаи Қазоқистон), доктори илми филологӣ (1987), профессор (1991).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳим Иброҳимович Ҳошимов соли 1966 факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро хатм намуда, дар ҳамин ҷо ба сифати муаллим, муаллими калон кор кардааст. Солҳои 1971-1974 дар аспирантураи Университети давлатии Маскав хонда, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияташро идома бахшид, ба сифати дотсенти кафедраи забоншиносии умумӣ (1975-1991) заҳмат кашидааст. Аз соли 1992 профессори Университети давлатии Елетс (Русия) мебошад. Таҳқиқоташ ба масоили дузабонӣ, рушди забонҳои миллӣ ва таъсири забони русӣ ба онҳо, забоншиносии умумӣ ва ғайра оид аст. Барои «Луғат-маълумотномаи энсиклопедии истилоҳот ва мафҳумҳои забон» дар ду ҷилд, (Маскав, 2008) мавриди муқоисаи забонҳои русию тоҷикӣ мақолаҳо навиштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таджикско-русское двуязычие (социолингвистический аспект). – Д., 1986;
- Очерки по языковой политике и культуре. – Елец, 2003.
- Луғат-маълумотномаи энсиклопедии истилоҳот ва мафҳумҳои забон. Иборат аз 2 ҷилд. М., 2008(ҳаммуалиф)[1]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – с. 654
- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони соли 1939
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Қарағанда
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ