Раҳматуллоҳ Бобоҷонов
Зоҳир
Таърихи таваллуд | 1895 |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1927 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Раҳматуллоҳ Бобоҷонов (1895—1927, Душанбе) — яке аз муборизони барпо ва мустаҳкам намудани Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мактаби Қаротоғ ва мадрасаи Бухоро хондааст. Солҳои 1918—1920 коргари истгоҳи роҳи оҳани Когон будааст. Дар ҳаракати инқилобии коркунони р. о., Инқилоби халқии Бухоро (1920) иштирок доштааст. Солҳои 1921—1925 сардори қувваҳои низомии миллии ҷанговарони сурх дар ҳайати Экспедитсияи ҳарбию сиёсии Ҳисор, ҷонишини раиси Кумитаи инқилобии вил. Ҳисор, ҷонишини раиси КИМ-и Шӯроҳои Бухорои Шарқӣ, Ҷонишини раиси Кумитаи инқилобии ҶАШС Тоҷикистон будааст. Солҳои 1926—1927 дар Унститути коммунистии меҳнаткашони Шарқ (Маскав) таҳсил кардааст. Тобистони 1927 аз дасти босмачиён ба ҳалокат расидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобоҷонов Раҳматуллоҳ / И. Келдиев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.