Раҳматулло Абдураҳмонов
Абдураҳмонов Раҳматулло Бозорович | |
Таърихи таваллуд | 10 июл 1948 (76 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Муллошодӣ, ноҳияи Ҳисор |
Раҳматулло Абдураҳмонов (Абдураҳмонов Раҳматулло Бозорович; тав. 10 июли 1948, деҳаи Муллошодӣ, ноҳияи Ҳисор) — наққоши тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе (1974) ва факултети таърихи Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ғоибона, 1984). Муаллими Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви рассомии ба номи М. Олимов (1974 — 80), наққоши Фонди бадеии меъмории Тоҷикистон (1980—2010). Аз соли 2011 рассом — наққоши ширкати «Рухом». Абдураҳмонов шогирди Рассоми халқии Тоҷикистон М. Олимов буда, дар эҳё ва инкишофи услуби қадимтарин ва мураккаби наққошии миллии тоҷик кундал саҳми калон гузоштааст. ӯ ба тавассути услуби кундал кору заҳмат, бойгариҳои Тоҷикистон (пахта, гандум ва ғайра), ҳолатҳои табиат фаслҳои сол ва ғайраро тасвир намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Намояҳои кундалии ӯ бо нақшу нигорҳои гуногун аз ҳамдигар фарқ мекунанд. ӯ нозукиҳои усули кундалро ба назар гирифта, таносуби рангҳоро ба хубӣ риоя карда, асарҳои ҷолиб офаридааст.
- «Меҳроб» (1974),
- «Баҳор» (1976),
- «Ғунча» (1977),
- «Бӯстон» (1978),
- «Рақси гулҳо»,
- «Бойгарӣ», «Ситора»,
- «Сулҳ» (ҳар чаҳор 1984),
- «Баҳор» (2010, бахшида ба ҷашни Ҷалолуддини Румӣ),
- «Гулдаста» (2011),
- «Бӯстон» ва «Гулистон»
Абдураҳмонов тарабхонаи «Тоҷикистон» дар шаҳри Владимири Федератсияи Россия (1978), меҳмонхонаи «Тоҷикистон» (1980) ва чойхона — тарабхонаи «Фароғат» (1981) дар шаҳри Душанбе, чойхонаи «Тоҷикистон» дар шаҳри Кобул (1981), хонаҳои фарҳанги ноҳияҳои Вахш (1985), Панҷ (1986), Колхозобод (1987) ва ғайраро бо нақшҳои зебои миллӣ оро додааст. Асарҳои Абдураҳмонов дар рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи Советӣ, Туркия, Франсия, Германия, Чехословакия, Америка ба маърази намоиш гузошта шудаанд. Узви ИР СССР (1980) ва ИР Тоҷикистон (1997).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.