Раҳматулло Рауфов
Раҳматулло Неъматович Рауфов | |
Таърихи таваллуд | 8 феврал 1967 (57 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Муъминобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | география |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2015) |
Раҳматулло Неъматович Рауфов (тав. 8.02.1967, д. Сармайдони н. Муъминобод) — географ, номзади илмҳои география (2017), дотсент (2019). Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2015).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳматулло Рауфов соли 1992 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1985 – 1987 дар сафҳои артиши шуравӣ хизмат карда, баъди хизмати ҳарбӣ аз соли 1992 то инҷониб дар кафедраи географияи табиӣ ва кишваршиносии факултети географияи Донишгоҳи давлатии омȳгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳамчун ассистент, муаллим, муаллими калон, дотсент ва мудири кафедра кор мекунад. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ ва китобҳои дарсӣ мебошад. Дар муддати фаъолияти омȳзгории хеш ба сифати муаллими таҷрибадор ва географи хуб, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар омода намудани садҳо нафар мутахассисон барои макотиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ саҳмгузор аст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Территориальная организация и оценка использования гидротехнических сооружений Юго-Западного Таджикистана (монография). Д., 2018;
- «Global science and innovations 2019 Central Asia». Кazakhstan-2019;
- Заминшиносии умумӣ». Д., 2013;
- Асосҳои биогеография. Д., 2020;
- Таърихи кашфиётҳои чуғрофии Тоҷикистон. Д., 2001;
- «Роҳнамои дарёфти номгȳйиҳои географӣ». Д., 2016;
- Луғати истилоҳои табиатшиносӣ. Д., 2018;
- Ҷавҳари дониш. Д., 2019 ва ғ.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 8 феврал
- Зодагони соли 1967
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Муъминобод
- Номзадҳои илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Ҷуғрофияшиносони Тоҷикистон
- Номзадҳои улуми география
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон