Раҷабалӣ Хушбахт Саидвализода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Раҷабалӣ Хушбахт Саидвализода
Раҷабалӣ Хушбахт Саидвализода
Таърихи таваллуд 5 март 1958(1958-03-05) (63 сол)
Зодгоҳ Тоҷикистон

Раҷабалӣ Хушбахт Саидвализода - Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 12 январи соли 2017)

Зиндагинома[вироиш]

Раҷабалӣ Хушбахт Саидвализода 5 марти соли 1958 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1986 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст. Аз соли 1975 дар Муассисаи нақлиётии №22 ноҳияи Данғара ба ҳайси Таъмиргари дараҷаи 5 фаъолияташро оғоз намудааст. Солҳои 1986-2013 дар вазифаҳои дуредгар, муҳандис, муҳандиси калон, сардори шуъбаи истеҳсолию техникии Идораи механиконидашудаи сайёри №26 трести «Данғараводстрой», устои коргузори Раёсати сохтмонию васлкунии СГЭС «Норак-гэсстрой», Сардори шуъба, сармуҳандиси заводи оҳану бетонии шаҳри Норак, сардори шуъбаи истеҳсолию банақшагирии заводи маснуоти оҳану бетонии №6-и шаҳри Душанбе, муҳандис - сохтмончии Маркази татбиқи лоиҳаҳои офияти соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини сардори шӯъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, муовини директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 2013 то 12 январи соли 2017 ҳамчун Сармуҳандиси Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст. Соли 2016 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш]