Раҷаб Ҳакимов
Раҷаб Муродович Ҳакимов | |
Таърихи таваллуд | 22 май 1957 (67 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | сиёсатшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои сиёсатшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Раҷаб Муродович Ҳакимов (тав. 22.05.1957, деҳаи Сари-Чашмаи ноҳияи Москва (имрӯза Ҳамадонӣ), сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ (1999), дотсент (2005).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1980–1985 дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1985–1989 ассистенти кафедраи коммунизми илмии Донишкадаи давлатии ш. Кӯлоб, 1990–1993 аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 1999–2001 мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишкадаи давлатии ш. Кӯлоб, 2001–2004 мудири кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2005 дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва ҳамзамон раиси Иттифоқҳои касабаи устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи 2 асари илмӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ аст. Оид ба масъалаҳои камбизоатӣ ва омилҳои пайдоиши он, низоъшиносӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ корҳои илмӣ ба анҷом расонидааст. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009) қадр карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Омилҳои низоъҳои миллӣ ва дохилимиллӣ дар Тоҷикистон, Д., 1999;
- Гендер чист ва чиро меомӯзад, Кӯлоб, 2000;
- Муқаддимаи низоъшиносӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2005;
- Камбизоатӣ ва омилҳои пайдоиши он, Д., 2006;
- Камбизоатӣ ҳамчун омили низоъҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2006.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 22 май
- Зодагони соли 1957
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ҳамадонӣ
- Номзадҳои улуми сиёсатшиносӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Сиёсатшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон