Режими сиёсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Режими сиёсӣ - ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1. Ҳамчун ҷараёни амалисозии воқеии ҳокимият, режими сиёсӣ - ин тарзу усулҳои амалисозии воқеии ҳокимияти давлатӣ аст. 2. Ҳамчун натиҷаи ниҳоии амалисозии ҳокимият (ҳокимиятдорӣ), режими сиёсӣ- ин вазъи сиёсии ҷомеа аст, ки дар ҷараёни истифодаи тарзу усулҳои муайяни амалисозии ҳокимияти давлатӣ ҳосил мешавад. Барои амалисозии ҳокимияти давлатӣ тарзу усулҳои боваркунонӣ, тарбиявӣ, қонуният, идоракунии парлумонӣ, мутобиқсозӣ, имкони фаъолияти озоди сиёсӣ, фишороварии сиёсӣ, дар ҳолатҳои истисноӣ - тамоман манъ кардани фаъолияти ҳизбу созмонҳои сиёсӣ, қатъи озодиҳои сиёсӣ ва ғ. истифода шуданашон мумкин аст. Аз истифодаи онҳо ин ё он вазъи сиёсии ҷомеа ҳосил мешавад. Амалияи таърихӣ -сиёсӣ якчанд намуди режимҳои сиёсиро медонад: режими истибдодӣ, режими авторитарӣ, режими фашистӣ, режими демократӣ, режими либералӣ-демократӣ.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 395