Резабозӣ
Зоҳир
Резабозӣ – рақси халқии тоҷикон мебошад.
Номи унсур ва истилоҳоти дигар
[вироиш | вироиши манбаъ]ларзон
Тавсифи мухтасар
[вироиш | вироиши манбаъ]Резабозӣ рақси занона буда, бо оҳанги шӯх иҷро мешавад. Дар ин рақс иҷрокунанда китфҳояшонро тез-тез боло бардошта, мефарорад, қисми болои пайкарашро меларзонад. Ин рақс бо навозиши доира иҷро мешавад. Раққоса як дасташро дар сари сина дошта, дасти дигарашонро ба як тараф дароз мекунад, як бор давр мегардад. Сипас вай ба замин нишаста, пои росташро ба пеш дароз карда, зонуи пои чапашонро дар замин гузошта мерақсад ва ғ. [1][2][3]
Маҳалли густариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Вилояти Суғд, Водии Ҳисор, Истаравшан,
Вазъи имрӯзаи унсур
[вироиш | вироиши манбаъ]Нимфаъол
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Адиб», 2015, с. 20
- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. Сармуҳаррир Раҳимов Д. Мураттибон: Раҳимов Д., Қличева Н., Муҳаммадиев Ҳ., Муродов М., Обидпур Х. Қодиров Ф., Аминов А., Холмуродов З. – Душанбе:«Аржанг»,2016. – 354 с.
- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.