Ригор Бородулин
Ригор Бородулин | |
|---|---|
| беларусӣ: Рыгор Іванавіч Барадулін | |
| | |
| Ном ҳангоми таваллуд | беларусӣ: Рыгор Іванавіч Барадулін |
| Таърихи таваллуд | 24 феврали 1935[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 2 марти 2014 (79 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Маҳалли дафн | |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Таҳсилот | |
| Навъи фаъолият | мақоланавис, тарҷумон, нависанда, шоир, нависандаи кӯдакон, мунтақиди адабӣ, translator of Adam Mickiewicz |
| Жанр | байт, шеър[d], religious poems[d] ва ҷустор |
| Забони осор | белорусӣ |
| Ҷоизаҳо | |
| Соядаст |
|
| Вебгоҳ | baradulin.by |
Риго́р Ива́нович Бороду́лин (беларусӣ: Рыгор Іванавіч Барадулін; 24 феврали 1935[1], Q107352024?, ноҳияи Ушачский[d] — 2 марти 2014, Минск) — шоир ва тарҷумони белорус. Нависандаи халқии Белорус (1992).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми Донишгоҳи давлатии БелоРусия дар муассисаҳои нашаротии «Белорус» ва «Мастаская литература» («Адабиёти бадеӣ»), газетаи «Советская БелоРусия» («БелоРусияи Советӣ»), маҷалаҳои «Бярозка» («Тӯс»), «Полимя» («Шуъла») кор кардааст. Узви ИН Белорусия, узви ПЕН-маркази БелоРусия (солҳои 1990-99 президенти он). Солҳои 1995-97 дар садорати Бунёди Сороси БелоРусия фаъолият дошт. Шеърҳои нахустинаш дар матбуот соли 1953 ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи аввалинаш «Моҳи ҳилол дар саҳро» (1959). Беш аз 20 маҷмӯаи ашъораш, аз он ҷумла «Куллиёт»-аш дар 4 ҷ. ба табъ расидаанд. Мавзӯи аксар шеърҳои Б. васфи дӯстии халқҳо мебошад. Дар мавзӯъ ва инъикоси воқеияти Тоҷикистон шеърҳо дорад: «Бузкашӣ», «Рақси духтари тоҷик», «Ҷавоб ба Файзулло Ансорӣ», «Биё ба диёри Витебск, Қаҳҳорӣ» ва ғ. «Қиссаи полки Игор» (асари адабиёти қадими рус), асарҳои Федерико Гарсиа Лорка, Габриэла Мистрал, рубоиёти Умари Хайём, асарҳои М. Турсунзода, Шекспир, Байрон, Пабло Неруда ва дигаронро ба забони белорусӣ тарҷума кардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Я. Купала. Бо орденҳои «Дӯстии халқҳо», «Нишони Фахрӣ» ва ғайра сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Бородулин Рыгор Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бородулин Ригор Иванович // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Зодагони 24 феврал
- Зодагони соли 1935
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Даргузаштагони 2 март
- Даргузаштагони соли 2014
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо