Риёзии Зоваӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Риёзии Зоваӣ

Риёзии Зоваӣ (? — 1515) — шоир, нависанда, қозӣ ва донишманди форс-тоҷик дар дарбори Ҳусайни Бойқаро.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тазкираҳои гуногун — «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ, «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ, «Рӯзи равшан»-и Сабо ва ғайра дар бораи Риёзии 3оваӣ маълумоти мухтасаре дарҷ гардида, ӯ чун яке аз шоирони маъруфи давр қаламдод шудааст. Риёзии 3оваӣ ба дарбори султон Ҳусайни Бойқаро роҳ ёфта, қозии зодгоҳаш таъйин гардид, вале пас аз чанде аз ин вазифа маъзул шуд. Риёзии 3оваӣ вақти худро асосан бо шеъру шоирӣ мегузаронид. Ӯ таърихи воқеаҳои замони ҳукмронии Ҳусайн Бойқароро дар маснавие иборат аз 8 ҳазор байт, таърихи футӯҳоти сафавиёнро дар маснавии дигаре (нотамом) ба риштаи назм кашидааст. Порчаи зерин аз маснавии дуюми Риёзии 3оваӣ буда, дар он манзараи кӯҳ тасвир шудааст:

Уқобаш зи ҷавфи фалак дида ком,
Палангаш зи хуни шафак хӯрда шом.
Фалак сабзае раста пероманаш,
Шафақ даште аз лола дар доманаш.

Риёзии 3оваӣ дар дигар навъҳои шеър, аз чумла ғазал, яке аз устодон ба шумор мерафт. Ғазалҳову матлаъҳо, абьёти парокандаи Риёзии 3оваӣ дар тазкираву баёзҳо ба таври фаровон сабт гардидаанд. Ин абъёт аз ғазалияти ӯст:

Бар даҳонам занад он шӯху нано, гирад,
Дар миён чун сухани бӯсу каноре гирад.
«Зи ғамза бар ҷигарат тирҳо занам»—гуфтӣ,
Вале чӣ суд, ки ҳаргиз ба дил намегӯӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Риёзии Зоваӣ / М. Диловаров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).