Роберт Вентури
| Роберт Вентури | |
|---|---|
| англ. Robert Venturi | |
| | |
| Иттилооти асосӣ | |
| Мамлакат | |
| Таърихи таваллуд | 25 июни 1925[2][3][4][…] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 18 сентябри 2018[3][5][6][…] (93 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Таҳсил: | |
Роберт Вентури (англ. Robert Venturi, 25 июни 1925[2][3][4][…], Филаделфия, Пенсилвания, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико[3] — 18 сентябри 2018[3][5][6][…], Филаделфия, Пенсилвания, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико[3]) — меъмори амрикоӣ ва назарияпардози риштаи ҳунар, яке аз поягузорони постмодернизм.
Дар мактаби меъмории Донишгоҳи Принстон (1947-50) ва Академияи амрикоии ш. Рим (1954-56) таҳсил намудааст. Дар ширкатҳои меъмории О. Стоноров, Э. Сааринен ва Л. Кан (1950-58) кор кардааст. Соли 1964 (ҳамроҳ бо Ҷ. Раух) ширкати хусусии хешро таъсис дод. Аз соли 1980 ширкат номи «Вентури, Раух ва Скатт Браун»-ро гирифт. Роберт Вентури дар меъмориҳои хеш бо дар назар доштани унсурҳои меъмории суннатӣ сабки равияҳои мухталифро огоҳона бо ҳам омезиш медод (Гилд-ҳаус, манзил барои пирсолони бепарастор дар Филаделфия, 1960-65; хонаи хусусӣ барои модари Вентури дар Честиат-Ҳилл, Пенсилвания, 1962; Брант-ҳаус дар Гринвич, иёлати Коннектикут 1971-73) ё равиши тарроҳии нозуконаро, ки намегузошт кори сохт мон табдил ба як қонуни эстетикии бебаҳс шавад, пеш мегирифт.
Корҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо мурури солҳо ин равиш дар хотираҳои таърихӣ ривоҷ пайдо кард, ки чанде аз корҳои ӯ ба ин намунаанд: факултаи гуманитарӣ ва улуми иҷтимоӣ дар Донишгоҳи давлатии Пейчаз, иёлати Ню-Йорк (1968—1978), депои сӯхторнишонии Ню-Ҳейвен (1970), муҷтамеи меъмории Б. Франклин дар Филаделфия (1972-70), биноҳои нави осорхонаҳои Оберлин (1974-77), Остин (1983), Сиэтл (1985), Сан-Диего (1986-96), иморати нави Нигористони миллии Лондон (1989-91). Роберт Вентури дар таърифоти назариявии хеш ба рангорангии бадеӣ даъват кардааст, ки он тафовут миёни ҳунари «афзал» ва «ноафзал»-ро аз байн мебарад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://www.moma.org/artists/6132 (ингл.)
- 1 2 RKDartists (нидерл.)
- 1 2 3 4 5 6 7 8 https://www.nytimes.com/2018/09/19/obituaries/robert-venturi-dead.html
- 1 2 Structurae (ингл.) — Ratingen: 1998.
- 1 2 Brockhaus Enzyklopädie (нем.) — F.A. Brockhaus, 1796.
- 1 2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вентури Роберт // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.