Роберт Вудроу Вилсон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Роберт Вудроу Вилсон
Robert Wilson (28215880301) (cropped) (cropped).jpg
Таърихи таваллуд: 10 январ 1936(1936-01-10)[1][2][3] (87 сол)
Зодгоҳ:
Кишвар:
Фазои илмӣ: физик
Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Роберт Вудро Вилсон (Уилсон) (англ. Robert Woodrow Wilson; зод. 10 январ 1936[1][2][3], Ҳюстон, Техас) — физикдон ва радиоастрономи амрикоӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи Райсро хатм кардааст. Аз ҷавонӣ ба таъмиру сохтани афзору дастгоҳҳои радио ҳавас дошт. Аспиранти Институти технологии Калифорния, корманди илмӣ (1963), сардори шуъбаи таҳқиқоти радиофизикаи ширкати «Белл» (1976), адюнкт-проф. Донишгоҳи Ню-Йорк (1978). Дар озмоишгоҳи Белл дар Ню-Ҷерси якҷо бо Пензиас навъҳои нави мавҷгирро санҷида, манбаи сигнали пурғалоғуларо дар атмосфера ошкор кард ва онро чун шуоъафкании микромавҷии қадимӣ (реликтӣ) эътироф намуд. Ин кашфиёт «модели тафсони Кайҳон»-ро собит намуда, модели сарди назарияи «Таркиши бузург»-ро пурра инкор кард. Роберт Вудроу Вилсон барои кашфи шуоъафкании реликтии микромавҷӣ сазовори мукофоти Нобел гаштааст (1978, ҳамроҳ бо Арно Аллан Пензиас).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]