Робита
Зоҳир
Робита (ар. رابطه), алоқа (ар. علاقه) — дар фалсафа вобастагии мутақобили мавҷудоти олам.
Робита яке аз мафҳумҳои асосии материализми диалектикӣ ба ҳисоб меравад. Дурустии маърифати инсон ба дуруст муайян намудани робитаҳои ҳодисаҳои гуногуни олам вобаста буда, сабабу натиҷа ва шаклҳои гуногуни робита байни ҳодисаҳо асоси дониши инсон мебошад. Ҳамаи ҳодисаву просессҳои олам байни худ Робита доранд, чунин аст мазмуни яке аз рукнҳои диалектика, ки принсипи робитаи куллӣ ном дорад. То пайдоиши материализми диалектикӣ танҳо робитаи мутақобилаи байни предметҳо мавзӯи таҳқиқ қарор гирифта буд[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Робита, Энциклопедияи советии тоҷик, ҷилди 6, саҳ. 381, Душанбе
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.