Ромии Табрезӣ
Зоҳир
Таърихи даргузашт: | 1392 |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Мавлоно Шарафуддин Ҳасан ибни Муҳаммад Ромии Табрезӣ (форсӣ: شرفالدین حسن بن محمد رامی تبریزی[1]; ? — 1392, Табрез) — шоир, нависанда, адабиётшинос ва яке аз шогирдони Насируддини Тӯсӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҷавонӣ бо Насируддини Тӯсӣ вохӯрда, муддате дар хидматаш буда ва аз илму дониши ӯ баҳравар гаштааст.
Муҳимтарин таълифоти Ромии Табрезӣ (ба ғайр аз анвой мухталифи шеър) ду асари адабиётшиносӣ бо номи «Анису-л-ушшоқ» ва « Ҳадоиқу-л-ҳақоиқ» мебошад. Дар «Анису-л-ушшоқ» Ромии Табрезӣ андар ташбеҳоти шоирони форс-тоҷик баҳс кардааст. «Ҳадоиқу-л-ҳақоиқ» шарҳест ба «Ҳадоиқу-с-сеҳр фӣ дақоиқи-ш-шеър»-и Рашиди Ватвот. Дар китоби мазкур, ки аз 50 боб иборат аст, аз санъатҳои бадеии шеър сухан меравад[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ رامی تبریزی | مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. www.cgie.org.ir. 9 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ Ромии Табрезӣ / М. Диловаров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).