Адабиётшиносӣ
Адабиётшиносӣ — илмест, ки омилҳои пайдоиши адабиёти бадеӣ, хусусиятҳои он, қонуниятҳои раванди таърихии рушду инкишофи адабӣ ва асосҳои иҷтимоию ҳаётии онро меомӯзад.
Адабиётшиносӣ аз се бахши асосӣ иборат аст: назарияи адабиёт, таърихи адабиёт, танқиди адабӣ.
Адабиётшиносӣ чанд илми дигар, аз ҷумла матншиносӣ, сабкшиносӣ, китобшиносӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Инҳо илмҳои ёвар буда, барои таҳқиқи дақиқ ва амалӣ шудани вазифаҳои асосии адабиётшиносӣ ёрӣ мерасонанд.
Афкори адабиётшиносӣ дар аввали пайдоиши адабиёти бадеӣ ташаккул ёфт, намунаҳои он дар андешаҳои донишмандони қадими Ҳиндустон, Хитой ва Юнони Қадим ба назар мерасанд. Баъдан онҳо такомул ёфтаанд ва заминаи ташаккули илмии адабиётшиносӣ шудаанд.
Рушди адабиёт ва диди зебоишиносии адибон барои инкишофи илми адабиётшиносӣ мусоидат кард. Рӯдакӣ муносибати шаклу мазмуни шеърро пай бурда, алоқаи мутақобилаи онҳоро дарёфта, аз шеър «лафзи хубу маънии осон» талаб кардааст, мавқеи иҷтимоӣ ва аҳамияти тарбиявии эҷоди бадеиро низ таъкид намудааст:
Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър, Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиётшиносии асрҳои 10 — 15
[вироиш | вироиши манбаъ]Адибони асрҳои 10 — 15 дар асоси таҷрибаи эҷодии адабиёти араб, форсии дарӣ, назари адабии юнониён ва арабҳо роҷеъ ба поэтикаи шеъру наср, шинохти фалсафию филологии адабиёт асарҳои пурарзише ба вуҷуд оварданд.
Дар китобҳои фалсафии бархе аз китобҳои таъриху луғат бобҳо ва фаслҳои алоҳида ба баҳси масъалаҳои гуногуни адабиёт ихтисос ёфтаанд:
- Ибни Сино,
- «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус,
- «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (1158),
- «Асосу-л-иқтибос»-и (1258) Насируддини Тусӣ
масъалаҳои балоғат ва суханварӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобу рисолаҳои бахшида ба масъалаҳои балоғат ва суханварӣ дар садаи XI пайдо шуданд.
Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ «Тарҷумону-л-балоға»-ро (1114) ба масъалаҳои бадеиёти сухан, таҳлили санъатҳои бадеии ташбеҳ, истиора, таҷнис, тазод, таносуби сухан ва ғайра бахшид ва нукоти муҳимме роҷеъ ба шеъри шоирон арз кард.
Шамс Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам фӣ маойири ашъор-ил-Аҷам» аз илмҳои арӯз, қофия ва бадеъ баҳс ороста, дар бораи вазифаҳои шеър, қофия ва хелҳои он, санъатҳои бадеӣ ва анвои шеър (қасида, рубоӣ, маснавӣ ва ғайра) мулоҳизаҳо рондааст.
Масъалаҳои назарияи наср
[вироиш | вироиши манбаъ]Масъалаҳои назарияи наср дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзӣ, «Ҷавомеъу-л-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфӣ матраҳ шудаанд.
Китоби Муҳаммад Авфии Бухороӣ «Лубобу-л-албоб» қадимтарин тазкира дар адабиёти форс-тоҷик ба шумор меравад.
Авфӣ дар ин тазкира оид ба бисёр масъалаҳои адабиёт таваққуф намуда, доир ба рӯзгор ва осори қариб 300 нафар шоирон (аз аввалин шоири форсигӯй то замони худаш) маълумот додааст ва ашъори шоиронро нақди илмии бадеӣ кардааст.
Адабиётшиносии нимаи дуюми асрҳои 12 — 15
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба адабиётшиносии нимаи дуюми асрҳои 12 — 15 китобҳои зерномбаршуда ва дигар маълум буданд:
- «Ҳадоиқ-ус-сеҳр фӣ дақоиқ-уш-шеър»-и Рашиди Ватвот,
- «Меъёру-л-ашъор», бахшҳои хитоба ва шеъри «Асосу-л-иқтибос»-и Насируддини Тӯсӣ,
- «Эъҷози Хусравӣ»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ,
- «Меъёри нусратӣ»-и Шамси Фахри Исфаҳонӣ,
- «Рисолаи пирӯзӣ ва мақолаи наврӯзӣ»-и Наҷотии Нишопурӣ,
- «Дақоиқ-уш-шеър»-и Тоҷулҳаловӣ,
- «Ҳадоиқу-л-ҳақоиқ»-и Шарафуддини Ромӣ
Дар ин давра адабиётшиносӣ чун ҷузъи таркибии улуми адабӣ ва адабиёти бадеӣ инкишоф ёфт ва адабиётшиносони хушсалиқае фаъолият доштанд.
Асарҳои онҳо масъалаҳои умдаи эҷоди бадеӣ, ба монанди ҳунари офаринандагӣ, муҳимтарин ҳодисаҳои адабии замон, пайванди адабиёт бо суннатҳои эҷодӣ, қонунияти моҳияти шеър, мақоми адиб ва адабиёт дар ҷамъият, шинохти сухану суханварӣ, шарҳу тафсири осори адибон ва шарҳи мухтасари ҳоли гӯяндагонро инъикос кардаанд.
Адабиётшиносии асрҳои миёна
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиётшиносии асрҳои миёна рукнҳои назарияи адабиётро, аз ҷумла дар баҳси моҳияти шеър ва наср, нақди адабиро дар баррасии балоғати шеъру сухан ва таърихи адабиётро дар тазкираҳо бо худ дошт. Аз ҷумла адаби назариявии садаи XV нишон медиҳад, ки дар он замон шакли содаи ҳар се ҷузъи таркибии адабиётшиносӣ мавҷуд будааст.
Таърихи адабиёт дар тазкираҳо, масъалаҳои назариявӣ дар рисолаҳо ва нақди адабӣ дар маҳфилҳо ва нақди ашъор густариш меёфтанд.
Адабиётшиносии садаи XV
[вироиш | вироиши манбаъ]Адибони он замон дар илми қофия низ рисолаҳо навиштаанд, ки аксар «Рисолаи қофия» ё «Илму-л-қавофӣ» ном доранд. Аз рисолаҳои ин силсила асарҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ «Рисолаи қофия» ва Атоуллоҳи Ҳусайнӣ «Рисола дар илми қавофӣ» машҳуранд.
Асарҳои Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъу-л-ашъор» ва Атоуллоҳи Ҳусайнӣ «Бадоеъ-ус-саноеъ» дар илми бадеъ таълиф шудаанд. Атоуллоҳи Ҳусайнӣ бо номи «Такмил-ус-саноат» асари муфассале дошт.
Таснифи навъҳои шеър дар таърихи афкори назарии нимаи дуюми садаи XV мақоми хос дорад. Донишмандони улуми адабӣ роҷеъ ба қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, шоҳбайт, фард ва анвои гуногуни мусаммат (мураббаъ, мухаммас, мусаддас, мусамман, муашшар ва ғайра) дар кутубу рисолаҳо назари худро баён кардаанд.
Адабиётшиносии ибтидои садаи XVI
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар нимаи дуюми садаи XV ва ибтидои садаи XVI илмҳои адабӣ ривоҷ ёфтанд. Улуми адабӣ соҳаҳои гуногуни филология ва иншои шеъру наср ва адабиётшиносиро фаро гирифта, барои такмили ҳунари касбии нависандагӣ зарур буданд ва ҳамчун ҷузви таркибии адабиёти назарӣ дар ҷомеа мақоми шоиста доштанд.
Донишмандон аз оғози аҳди ислом улуми адабиро иборат аз дувоздаҳ навъ донистаанд (нигаред мақолаҳои Адаб ва Адабиёт). Муаллифи «Арӯзи Ҳумоюн» Абдулқаҳҳор ибни Исҳоқи Шариф номгӯ ва шарҳи мухтасари ин дувоздаҳгонаро овардааст.
Дар таснифи улуми адабӣ чаҳор илм ба соҳаи забоншиносӣ хос мебошанд, илмҳои дигар сохтори назму насрро фаро мегиранд.
Аз китобҳои назарӣ, дастурӣ ва амалии фанни иншо ва номанигорӣ китобҳои зерномбаршуда ҳарчанд дар маҳалҳои гуногун тасниф шудаанд, аз ҷиҳати услуб ба ҳам қаробат дошта, гоҳе дар атрофи қоидаҳои ин фан баҳс карда, асосан намунаҳои муросилоти шахсӣ, пурсишу посухҳои илмӣ, номаҳои давлатӣ ва ғайраро дар бар мегиранд:
- «Махзану-л-иншо»-и Кошифӣ,
- «Тарассул»-и Абдуллоҳи Марворид,
- «Маншаъу-л-иншо»-и Абдулвосеи Низомӣ,
- «Руқаот ва муншаот»-и Ҳақирӣ,
- «Тарассул»-и Хоҷа Бурҳон,
- «Манозиру-л-иншо»,
- «Риёзу-л-иншо» ва «Қавоиду-л-иншо»-и Маҳмуди Қовон.
Ҷомӣ ва Навоӣ низ маҷмӯаҳои руқаоти худро тартиб дода, онҳоро чун асари алоҳида дар куллиётҳояшон ҷой додаанд.
Дар таснифи илмҳои адабӣ касе илми муамморо ворид накардааст, аммо аз садаи XV ба баъд дар илми муаммо рисолаҳои бисёре навиштаанд ва дигар қоидаҳои муаммо ва роҳҳои кашфи онро фаро гирифтаанд, аз он ҷумла:
- «Чаҳор рисола»-и Ҷомӣ,
- «Муфрадот»-и Навоӣ,
- «Ҳулали мутарраз дар фанни муаммо ва луғаз»-и Алии Яздӣ,
- «Муаммо»-и Мир Ҳусайни Муаммоӣ,
- «Афкор-уш-Шариф»-и Шарифӣ,
- «Зобитаи ҳалли муаммо»-и Камолуддин Муҳаммади Бадахшӣ,
- рисолаҳои Сайфии Бухороӣ, Юсуфи Бадеӣ, Қосими Коҳӣ.
Дар мамлакатҳои Ғарб адабиётшиносӣ дар Юнони Қадим бо таълимоти Афлотун (427—347 то м.), «Поэтика» ва «Риторика»-и Арасту сар шудааст.
Афлотун саромади ҷараёни идеалистӣ дар эстетика буда, вазифаи маърифатии адабиётро инкор мекард ва фақат ба аҳамияти тарбиявии он иқрор буд.
Арасту адабиётро эҷодкорие медонист, ки ба мардум на фақат дониш, балки завқе ҳам медиҳад ва дилу рӯҳро тоза мекунад. Арасту ва пайравони ӯ аз мақоми иҷтимоии адабиёт, аз шаклу сабкҳои шеърӣ, аз ҷинс ва жанрҳои адабӣ сухан рондаанд. Таълимоти Арастуро дар Руми Бостон Горатсий (65 — 8 то м.) бо рисолаи манзуми «Фанни шеър» давом дод.
Дар асрҳои миёна адабиётшиносӣ бештар дар Шарқ — Хитой, Ҳиндустон, мамлакатҳои арабизабон ва форсизабон инкишоф ёфт.
Муҳаққиқон ва адабиётшиносони Шарқ бештар ба муносибати шаклу мазмун, омӯхтани шаклҳои бадеӣ ва хусусиятҳои сабку услуб таваҷҷуҳ намуданд.
Аврупои Ғарбии асрҳои миёна даврони ҳукмронии иртиҷоии динӣ буд ва ин боиси инқирози илм, аз ҷумла афкори адабиётшиносӣ гардид.
Адабиётшиносии замони Эҳё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар замони Эҳё (Ренессанс) муборизаи шадид бар зидди тангназарии асримиёнагӣ давом ёфт ва адабиётшиносӣ диққати нависандагонро ба омӯхтани воқеияти ҳаёт ва забони халқ мутаваҷҷеҳ намуд.
Адабиётшиносии аввали садаи XVII
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар аввали садаи XVII Бэкон нахустин бор истилоҳи таърихи адабиётро истифода кард ва онро чун илми мустақил шинохт.
Адабиётшиносии аввали садаи XVIII
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар садаи XVIII, замони маорифпарварии Аврупо, дар адабиётшиносӣ дастурҳои воқеъгароӣ (реализм) тадқиқ шуданд ва барои намуна асарҳои Дидро ва Лессинг («Лаокоон», 1766) аҳамияти хос доштанд.
Маорифпарварон масъалаи иртиботи шахсу ҷомеаро ба миён оварда, нақши муҳити иҷтимоиро барои ташаккули шахс таъкид карданд ва ифодаи фардияти шахсро дар адабиёт зарур донистанд.
Адабиётшиносии аввали садаи XIX
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз нимаи дуюми садаи XIX вобаста ба зуҳури марксизм давраи наве дар таърихи адабиётшиносӣ сар шуд. К. Маркс ва Ф. Энгелс қонунҳои иҷтимоии тараққии ҷамъиятро кашф намуда, робитаи мураккаби байни асоси (базиси) иқтисодии ҷамъият ва барсохти (надстройкаи) он (аз ҷумла адабиёт)-ро муайян карданд. Афкори онҳо ба дарки қонунҳои иҷтимоии тараққиёти ҳунар, барои аз мавқеи табақотӣ (синфӣ) омӯхтани таърихи адабиёт ва танқиди адабӣ нигоронда шуда буд.
Адабиётшиносии аввали садаи XX
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар охири садаи XIX ва бахусус оғози садаи XX дар баробари тазкиранависии суннатӣ тазкираҳое таълиф шуданд, ки дар онҳо маълумоти умумии тавсифӣ мавқеи дуюмдараҷа гирифта, осори шуаро ва нависандагон аз меъёри мавқеи иҷтимоӣ, аҳамияти милливу ватандӯстӣ ва навназарӣ баҳо дода шуданд. Дар ин маврид метавон баҳсҳои назарӣ ва усулие, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи «Бухорои Шариф» баргузор шуда буд, намунаҳои нақди адабӣ дар нашрияҳои М. Беҳбудӣ (г. «Самарқанд», маҷаллаи «Оина») ва тазкираҳои Садри Зиё «Тазкори ашъор» ва Салимбекро ном бурд.
Ба таври куллӣ ин намунаҳои нақд масъалаҳои таҷдиди назар ба адабиёт, баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ, назари воқеӣ ва навбинӣ ба масъалаҳои адабиётро фаро гирифта буданд. Ба ин маънӣ метавон оғозгоҳи шинохти тозаи адабиёт, яъне адабиётшиносӣ ва нақди адабиро ба даврони рӯшангарӣ ва ҷадидия нисбат дод. Ин афкори адабии нав бо ҷанбаи иҷтимоъгароии худ ба адабиётшиносии замони шӯравӣҳамоҳангӣ дошт ва баъзе аз хусусиятҳои он дар таълифоти Садриддин Айнӣ идома ёфт.
Адабиётшиносии тоҷикии замони шӯравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Оғози рушди адабиётшиносии тоҷикии замони шӯравӣ бо номи Садриддин Айнӣ вобастагӣ дорад. Айнӣ бо «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), бо рисолаҳое, ки дар бораи Фирдавсӣ (1934), Ибни Сино (1939), Рӯдакӣ (1940), Саъдӣ (1940), Бедил (1946), Навоӣ (1948) ва дигарон навиштааст, дастурҳои асосии омӯзиши таърихи адабиётро муайян кард. Ӯ дар таърихи илми замони нави тоҷик якумин касе буд, ки эҷодиёти классикон ва раванди адабии таърихиро алоқамандона бо вазъи иҷтимоию сиёсии замон омӯхта, ба асоси ҳаётии эҷоди бадеӣ (воқеъгароӣ) ва халқияти он, ба масъалаҳои услуб ва методи (усули) эҷодии нависандагон, пайдоиш ва инкишофи баъзе жанрҳову шаклҳои бадеӣ диққат дод.
Адабиётшиносии тоҷикӣ дар давраи Истиқлолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Аммо дар замони бозсозии горбачевӣ, бахусус, дар даврони соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) ва тағйир хӯрдани арзишҳо адабиётшиносӣ аз маҳдудияти мафкуравӣ озод шуд ва ба дастурҳои бунёдии илмии худ таҷдиди назар намуд.
Дар ду даҳсолаи садаи XXI чанде аз адабиётшиносони ҷавон, амсоли Ш. Солеҳов, Ш. Исрофилниё, М. Зайниддинов, Т. Шарифзода, М. Нарзиқул, Б. Мақсудов, В. Охониёзов, А. Худойдод, Н. Нурзод, С. Аъзамзод, Р. Ваҳҳоб ва дигарон ба воя расиданд, ки рушди минбаъдаи адабиётшиносӣ дар дасти онҳост. Адабиётшиносии тоҷикӣ дар марҳалаи нави инкишоф қарор гирифтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Теория литературы. Основные проблемы в историческом освещение, кн. 1 — 3, М., 1962 — 65;
- Шарипов Х., Формирование таджикской литературно-теоретической мысли в X—XI вв., Д., 1970; ҳамон муалл., Назарияи наср, Д., 2004;
- Бобоев Ю., Муқаддимаи адабиётшиносӣ, Д., 1974;
- Сатторов А., Афкори адабӣ ва эстетикии Абдурраҳмони Ҷомӣ, Д., 1975; ҳамон муалл., Из истории персидско-таджикской литературно-эстетической мысли (X—XV вв), Д., 1976; ҳамон муалл., Нуқтаи пайванд, Д., 1982;
- Мусулмонқулов Р., Атауллах-и Махмуди Ҳусайни и вопросы таджикской-персидской классической поэтики, Д., 1980; ҳамон муалл., Асрори сухан, Д., 1980;
- Қурбонмамадов А., Эстетики Абдурахмана Джами, Д., 1984;
- Асоев Х., Адабиёти форсӣ ва се шохаи он, Д., 1990;
- Хоҷаева М., Масъалаҳои услуб, Х., 1994;
- Имронов С., Ёдномаи устод Рӯдакӣ, Д., 2001;
- Салимов Н., Марҳилаҳои услубӣ ва таҳаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои IX—XIII), Х., 2002;
- Шакурӣ М., Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист, Д., 2002;
- Валӣ Самад. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский, Д., 2004;
- Набавӣ А., Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷикӣ, Д., 2004;
- Зоҳидов Н., Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII—IX, Х., 2004;
- Сафар Абдулло. Нури сухан, Д., 2005;
- Табаров С., Ҷаҳони андешаҳои Абдурауфи Фитрат. Д., 2008;
- Сайфуллоев А., Уфуқҳои наср, Д., 2009;
- Отахонова Х., Масъалаҳои матншиносии осори адибон, Д., 2010;
- Мардонӣ Т., Рӯдакӣ ва адабиёти араб Д., 2010;
- Насриддинов А., Матншиносии осори бадеӣ, Х., 2010;
- Амирқулов С., Нигоҳе ба инкишофи таърихии адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр (қарни 19), Д., 2010;
- Исрофилиё Ш. Р., Назаре ба адабиётшиносии чанд соли охир, г. «Адабиёт ва санъат», 3 марти соли 2011.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.