Jump to content

Рофеъ Амонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рофеъ Амонов
Таърихи таваллуд 1903(1903)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 5 март 1962(1962-03-05)
Маҳалли даргузашт шаҳри Душанбе
Ҷоизаҳо

Ордени Ситораи Сурх

Рофеъ Амонов (1903, Бухоро — 5 марти 1962, Душанбе) — аз муборизони фаъол барои барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

То соли 1920 ба косибӣ шуғл варзида, аз соли 1922 муқобили дастаҳои босмачиён дар Ӯзбекистон мубориза бурдааст. Соли 1924 ба Тоҷикистон омада, дар соҳаи маориф ва мақомоти комсомолию ҳизбӣ кор кард. Солҳои 1934—1938 дар сафи Армияи Сурх, 1938—1940 шунавандаи Академияи ҳарбию сиёсӣ, иштирокчии ҶБВ (1941—1945), комиссари ҳарбии вилоятҳои Ғарму Сталинобод (1945—1950), мудири кафедраи ҳарбии УДТ (1950—1956).

Ҷоизаву орденҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени Байрақи Сурхи Ҷангӣ, 2 ордени Ситораи Сурх, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.