Роҳбар Қосимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҳбар Қосимов
Қосимов Раҳбар Раҳматович
Таърихи таваллуд 4 март 1930(1930-03-04)
Зодгоҳ Хуҷанд ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 26 феврал 1974(1974-02-26)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат медали «Барои меҳнати шоён»

Раҳбар Қосимов (Қосимов Раҳбар Раҳматович; 4 март 1930, Хуҷанд27 январ 1974, Кӯлоб) — арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ дар замони ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳбар Қосимов соли 1930 дар шаҳри Ленинободи ҶШС Тоҷикистон, дар оилаи хизматчӣ дида ба дунё кушод, аъзои Ҳизби Коммунист (ҲК) аз соли 1956.

Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1953—1958 агрономи асосии МТСи н. Ленинобод;
  • соли 1958 ҷонишини раиси кумитаи иҷрояи н. Ленинобод;
  • 1958—1960 раиси кумитаи иҷрояи н. Ленинобод;
  • 1960—1961 раиси кумитаи иҷрояи ш. Хуҷанд;
  • соли 1961 ҷонишини вазири хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон;
  • 1961—1962 котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияи Масчо;
  • 1962—1963 сардори раёсати истеҳсолӣ-ҳудудии колхозӣ-совхозии ш. Конободом;
  • 1963—1965 котиби кумитаи ҳизбии раёсати истеҳсолӣ-ҳудудии колхозӣ-совхозии ш. Конободом;
  • 1965—1970 котиби аввали кумитаи ҳизбии ш. Конибодом;
  • 1970—1972 шунавандаи Мактаби Олии Ҳизбӣ дар назди КМ ҲКИШ дар Маскав;
  • 1972—1974 котиби аввали кумитаи ноҳиявии Хуҷандии ҲК Тоҷикистон;

аз моҳи феврали соли 1974 роҳбари бюрои ташкилотии КМ ҲК Тоҷикистон дар вил. Кӯлоб буд. Субҳи 26 феврали соли 1974 ҷасади беҷони Роҳбар Қосимовро аз меҳмонхонаи шаҳри Кӯлоб пайдо карданд. Роҳбар Қосимов ҳамагӣ 44 сол дошт ва пеш аз маргаш умури ташкили вилояти Кӯлобро дар даст дошт ва мебоист котиби якуми кумитаи вилоятии ҳизби коммунист мешуд. Хулосаи тафтишот ин буд, ки ин мансабдори баландпоя худкушӣ кардааст, вале фарзияҳои дигар, аз ҷумла куштор низ вуҷуд дошт.[1]

Қосимов бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи меҳнат, 3 медал, Грамотаи фахрии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Марҳум чанд дафъа вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва аъзои КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 АСРОРИ МАРГИ РОҲБАР ҚОСИМОВ(пайванди дастнорас)