Рубоби алт
Рубоби алт, сози торӣ- мизробии мусиқиест аз оилаи рубобҳо, ки дар нимаи дуюми садаи XX нав ихтироъ шудааст. Шаклу намуду сохташ ба монанди рубоби қашғарӣ ва он дастаи кӯтоҳтар дошта ҷӯршавиаш низ фарқ карда меистад. Ин соз сетор дошта гӯшакҳояш металӣ сохта шудаанд. Дигар фарқияташ дар он аст, ки сози мазкур тембри мулоим дорад. Нотаи ин соз дар калиди скрипка сабт шуда дар гурӯҳи рубобҳои регистри мобайниро фаро мегирад. Рубоби алт бо кварта ҷӯр мешавад: тори якум (ҷуфт)нотаи ре- октаваи якум, тори дуюм (ҷуфт) нотаи ля- октаваи хурд ва тори сеюм нотаи ми-и октаваи хурд. Диапазонаш (фосилаи мобайнии садои овозаш аз ҳама паст ва аз ҳама боло) аз ми-и октаваи хурд то ре-и октаваи сеюмро дар бар мегирад. Дар он навохтани асарҳои техникӣ навохтанаш қулай аст. Рубоби алтро чун сози якканавозӣ ва дар мактабҳои мусиқӣ истифода бурдан мувофиқи мақсад аст. Сози мазкур дар Тоҷикистону Ӯзбекистон маъмул аст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]- рубоб,
- рубоби прима,
- рубоби қашғарӣ,
- рубоби бадахшӣ (аз рубоби бадахшонӣ) нав сохта ихтироъ карда шудаанд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3. - Душанбе,2004
- Вьзго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980;
- Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент, 1980;
- Ҷӯрахон Обидпур. Дарси рубоб. - Душанбе-1969,1982
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.