Рубоби прима

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Созҳои мусиқӣ: рубоб ва дутор дар Тоҷикистон

Рубоби прима, сози торӣ мизроби мусиқиест аз оилаи рубобҳо тахминан баъди солҳои 50-уми асри 20 нав ихтироъ шудааст. Косахонаи он ба мисли косахонаи рубоби қашғарӣ буда, дастааш хеле кӯтоҳ аст. Рубоби прима чор тор дошта ба мисли ғижжак бо квинта ҷӯр карда мешавад: тори якум ми-и октаваи дуюм, тори дуюм ля- и октаваи якум, тори сеюм ре-и октаваи якум ва тори чорум сол-и октаваи хурд. Нотаи он дар калиди скрипка сабт шуда, мувофиқи навишташ садо мабарорад. Ин соз дар гурӯҳи рубобҳо дар оркестр овозҳои аз ҳама регистри баландро фаро мегирад ва ва нисбати дигар оилаи созҳои мазкур аз ҷиҳати иҷрои асарҳои техникӣ бартарии калон дорад. Рубоби прима асосан сози оркестрӣ буда, вазифаи якканавозиро иҷро мекунад. Тарзу услуби навохтан дар он ба мисли рубобҳост, вале ангушгузориаш ба ғижжак шабоҳат медиҳад. Диапазонаш хеле васеъ буда, аз нотаи сол-и октаваи хурд то нотаи ми- и октаваи чорумро дарбар мегирад. Гӯшакҳои ин намуди рубоб металлӣ мебошад. Дар рубоби прима иҷрои аккордҳои се чор овоза имконпазир аст. Дар нимаи дуюми асри 20 омӯзгорону навозандагони касбӣ, ки ҳам дар ташвиқу тарғиби ин соз ва ҳам тайёр намудани муттахасисон камар бастанд, дар ҷумҳури зиёд шуданд Гулсара Обидова, А.Амонов, М. Юсупов, А.Мансуров ва ғ. барои рубоби прима композиторон махсус асар эҷод намудаанд: консерт барои рубоби прима ва оркестри созҳои миллӣ В.Князев, «Песаи консертӣ» -и М.Атоев ва Б. Хабибов.

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3 . - Душанбе,2004
  • Вьзго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980;
  • Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент, 1980;
  • Ҷӯрахон Обидпур. Дарси рубоб. - Душанбе-1969,1982

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Пайвандҳои беруна[вироиш]