Рубоби қашғарӣ
Дар байни ин созҳои рубоб рубоби қашғарӣ (қашқарӣ) ҳоло яке аз созҳои маъмули якканавозӣ, ансамблӣ ва оркестрист. Дарозии он 90-100 см буда, косаи мудавари кафлесмонанд дорад (чуқуриаш 11-13 см). Онро аз чӯби тут, тӯс, зардолу, арча ва ғ. метарошанд. Ва аз рӯи косааш пӯсти дили бӯз ,тон ва бештар моҳӣ ва ғ.мекашанд. Дар гарданаи дасташ аз ду тараф шохҳои камоншакл (дарозиаш 10-12 см) дорад. Нӯги даста ба қафо хам хӯрда дар он гӯшакҳо (дар баъзе намуди он гӯшакҳои фулуззӣ-метталӣ) ҷой гирифтаанд дар рӯи пӯсти коса харак дорад (барои ҷӯри тозаи пардаҳо харак пешу қафо бурда мешавад). Дар дастаи рубоб ғайр аз пардаи мутлақ (3 овози тори кушода) боз 24 пардаи диатоникиву хроматикӣ мавҷуданд, ки ҳар яки он ду октаваи пурраро дар бар мегиранд ва онҳоро пеш аз рӯдаи бӯзу гӯсфанд месохтанд (ҳоло тори 3-юм аз риштаҳои синтетики ва торҳои 1-2 юм аз филиз месозанд. Шакли нави рубоби қашғарӣ (қашқарӣ) 2-тори фулузии ҷуфт ва як тори синтетикӣ ғафс дорад, ки ин садои бам (бас)-ро медиҳад. Рубоби қошғарӣ дар калиди скрипка бо кварта-квинта соз (ҷӯр) мешавад, дар навиштан: тори якум ля-и октаван якум, тори дуюм ми-и октаван якум ва тори сеюм ля-и октаван хурдро дар бар мегирад. Диапазони он дар навиштан аз ля-и октаван хурд то ля-и октаван сеюмро фаро гирифта аз навишташ як октава паст садо медиҳад.бинобар ин рубоби қошғарӣ ба қаторӣ созҳои транспониркунанда дохил мешавад. Баъди солҳои 60-уми садаи XX як зумра соҳибкорони соҳибкасб ва навозандагони касбии бо маҳорат рӯи саҳна омаданд: Муҳаммадҷон Мирзоев, Сулаймон Тахалов, Қобилҷон Усмонов, Тоҳирҷон Раҷабӣ, (Ӯзбекистон) Одилҷон Назаров, Ҳикмат Нарзуллоев, Ҷӯрахон Обидов (Обидпур), Мустафоқул Муртазоев, Маҷнун Баротов, Абдуразоқ Муҳамадов, Ворис Абдураҳмонов, Абдураҳмон Матхолов (Тоҷикистон) дар сози нодир шогирд тайёр намуда, рубобро ҳамчун сози якканавозӣ ташвиқу тарғиб кардаанд. Профессор Ҷӯрахон Обидпур бори аввал дар ҷумҳури соли 1975 дар рубоби қашғарӣ барномае дар ҳаҷми як шӯъба (45-50 дақ) тайёр намуда консерт дод ва шогирдонаш низ кори ӯро идома доданд. Рубобнавозон дар озмунҳои навозандагони созҳои халқӣ байни ҷумҳуриявӣ минтақавӣ иштирок варзида ғолиби озмунҳо гардидаанд: Хушвақт Улмасов (боку 1986), Фатҳулло Файзуллоев (Бишкек 1975), Абдураззоқ Нормуҳаммадов (Душанбе 1986), Абдураҳмон Матхолов (Душанбе 2000) ва ғ. ҳама шогирдони профессор Ҷ. Обидпур мебошанд. Аз солҳои 60-ум и садаи XX сар карда барои рубоби қошғарӣ як қатор китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои ҷудогона дар Тоҷикистону Ӯзбекистон таълиф шуданд, ки репертуари таълимиву консертии сози мазкурро ғанӣ гардонидаанд: Ф.Васильев «Школа игры на рубабе» (Ташкент 1963, 1978), Ҷ. Обидпур «Дарси рубоб», (Душанбе-1969,1982), «Чаманоро»(1986),»Савтҳои Борбадӣ» (1990), «Этюдҳои хушоҳанг» (1996), «Гулбонги рубоб» (2005), ва ду маҷмӯа бо унвони«Гулбоғи рубоб» (кит 1, 2002, кит.2 2006) Маҷмӯаи «Асарҳо барои рубоб ва фортепиано»-и М. Атоев (Душанбе 2009) , консерт барои рубоб ва оркестри симфонии Д. Дӯстмуҳаммадов, консерт барои созҳои миллии А. Атоев, достон барои рубоб ва оркестри созҳои халқии М. Бафоев «Хотирот»-пейса барои рубоб ва оркестри созҳои халқии А. Мусоев фантазия барои рубоб ва оркестри созҳои халқии Х.Абдуллоев. Ду фантазия барои рубоб ва фортепианои Ҷ. Обидпур (дар ҳамкорӣ бо К.Тущинок) ва ғ.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]- рубоб,
- рубоби прима,
- рубоби метсосопранӣ,
- рубоби алт,
- рубоби бадахшӣ (аз рубоби бадахшонӣ) нав сохта ихтироъ карда шудаанд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. - Душанбе,2004
- Вызго Т. С., Музыкальные инструменты Средней Азии //Исторические очерки, М., 1980;
- Петросян А. И., Инструментовидение// Узбекские народные инструменты, Ташкент, 1980;
- Ҷӯрахон Обидпур. Дарси рубоб. - Душанбе-1969,1982
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.