Рустам Азизӣ
'Азизӣ Рустам Анварзода | |
Таърихи таваллуд | 22 август 1986 (38 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Зафаробод |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои фалсафа |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров |
Азизӣ Рустам Анварзода (22.08.1986, ноҳияи Зафаробод) — олим, номзади илмҳои фалсафа, собиқ муовини директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Азизӣ Рустам Анварзода 22 августи соли 1986 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, дар оилаи зиёиён таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои фалсафа. Солҳои 1992-2003 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Б.Ғафурови шаҳраки Зафаробод таҳсилро шуруъ карда, онро бо гувоҳномаи аъло хатм кард. Соли 2003 ба шуъбаи арабӣ-англисии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, соли 2008 факултети номбурдаро бо дипломи аъло хатм кард. Пас аз хатми донишгоҳ тибқи роҳхат ба ҳайси ассисент дар кафедраи фалсафаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба фаъолияти корӣ шуруъ кард. Солҳои 2009-2011 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 09.00.14 - фалсафаи дин ва диншиносӣ таҳcил намуда, соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи "Илоҳиёти ҳанафияи мутақаддим" (Теология раннего ханафизма) дифоъ намуд. Аз соли 2012 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмӣ ва аз соли 2013 ба ҳайси ходими калони илмӣ АМИ ҶТ кору фаъолият намудаст.
19 июни соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд ва аз ин вазифа 26 июни сол 2023 озод карда шуд. [2]
Муаллифи 1 монография, тарҷумаҳои осори мероси ниёгон, зиёда аз 40 мақолаҳои илми ва илмию оммавӣ, ҳамчунин гузориш ва пажӯҳишҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муовини директор(тоҷ.). www.mit.tj. 2 июли 2023 санҷида шуд.
- ↑ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). www.khovar.tj. 2 июли 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2023.