Рустам Аҳадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Рустам Аҳадов
Ном ба ҳангоми таваллуд:

Рустам Боқиевич Аҳадов

Санаи таваллуд:

10 январ 1958(1958-01-10) (62 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе

Шаҳрвандӣ:
Касб:

садобардор, продюсер

Рустам Боқиевич Аҳадов (Тав. 10.01.1958, ш. Душанбе) — садобардор, продюсери филм. Узви ИК СССР (1988). Фарзанди Аҳадов Бокиҷон (ниг. кит. 1). Хатмкардаи мак. миёнаи № 4 ш. Душанбе (1976). Дар факултаи тарбияи ҷисмонии ИПД ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С.Айнӣ) таҳсил кардааст (1976–1981). Ассисенти садобардор, садобардори киностудияи «Тоҷикфилм» (1982–1995). Дар ин муддат дар офаридани филмҳои зерини бадеӣ ва мустанад садобардор будааст: «Ба дўстон хиёнат намекунанд» (1984), «Валодат» (1984), «Қатораи иловагӣ ба роҳи дуюм меояд» (1985), «Дарвеши ланг» (1987), «Устод» (1987), «Савт» (1987), «Бут» (1988), «Бародар» (1990), «Кош ба кош» (1993), «Ввысь» («Иртифоъ», Россия, 1999), «Подмосковная элегия» («Муноҷоти Москва», Россия, 2002), «Шик» («Кашанг», Россия–Олмон– Швейсария, 2003) ва ғ. Соли 1995 бинобар вокеаҳои маълум ба Русия кўчидааст. Дар киностудияи «Мосфилм» ва киноширкати «АРСИ–филм» продюсери филмҳои «Требуется няня» («Доя лозим», 2005), «Ничего личного» («Азхудгузаштанҳо», 2007), «Сынок» («Писарҷон», 2009) ва ғ. будааст.[1]

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6