Падари моҳтобӣ
Лунный папа | |
Жанр | комеди-драм, филми танз ва трожикомедӣ |
Коргардон | |
Муаллифи филмнома |
|
Наворбардор | |
Оҳангсоз | |
Ширкати синамоӣ | NTV-Profit[d], Pandora Film[d], ZDF[d], Arte[d] ва Тоҷикфилм |
Давомнокӣ | 109 дақиқа |
Мамлакат | |
Забон | русӣ |
Сол | 1999 ва 27 июл 2000[1][2] |
IMDb | ID 0170259 |
Падари моҳтобӣ (русӣ: Лунный папа) — филми бадеии коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар якҷоягӣ бо Тоҷикистон, Русия, Олмон, Швейсария, Австрия, Ҷопон, Узбекистон ва Фаронса. Филм Шоҳҷоизаи «Кинотавр»-ро дар соли 2000 соҳиб гаштааст. Соли 2001 Бахтиёр Худойназаров ба ҷоизаи «Ника» барои беҳтарин кори режиссёрӣ қадрдонӣ шудааст.
Достон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар деҳаи Фархор як оила зиндагӣ мекард, ки иборат аз духтараки 18-сола Мамлакат, бародари ӯ Насриддин, ки дар Ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳисоби зарба дар сараш аз ақл бегона шуда буд ва падарашон. Онҳо аз ҳисоби чойхонае, ки доштанд, зиндагиашонро пеш мебурданд. Мамлакат ба театр завқи беандоза дошт ва ба ихтиёри худ дар ансамбли рақсӣ дар нақши тарбуз баромад мекард. Боре пас аз анҷоми намоиш дар шаби тираву тор ӯ бо шахсе во хӯрд, ки ҳунарпеша буд ва аз ӯ ҳомиладор шуд. Падари Мамлакат — Сафар кӯшиш кард, то он «ҳунарпешаро» ёбад. Тамоми ҳунарпешаҳои маҳалиро оварда ба Мамлакат нишон дод, аммо ӯро пайдо накарданд. Вақте ки ҳомиладории Мамлакат ошкор шуд, мардуми маҳалла ба ӯ дашном медоданд ва мехостанд молу мулки оила ӯро тақсим созанд ва онҳоро аз маҳалла пеш кунанд. Дар раванди кофтуков Мамлакат бо духтуре бо номи Алик шинос мешавад. Мамлакат ба таҳқири ҳамсоягон тоқат накарда аввал хост исқоти ҳамл кунад, баъдан худро ба зери қатора партояд, вале ӯро Алик наҷот дод. Алик ба Мамлакат пешниҳоди хонадорӣ мекунад ва ӯ розӣ мешавад. Сафар бениҳоят хурсанд шуда, базми идона ташкил мекунад, вале ногаҳон гове аз осмон ба сари падар ва шавҳари Мамлакат афтида онҳо ба ҳалокат мерасанд.
Аз ин ҳодиса чанд вақт мегузарад. Лётчик Ясир ба чойхонае, ки Мамлакат кор мекард, меояд. Ҳангоми суҳбат аз афтидани гов, ки дар чархболаш баста буд сухан мегӯяд. Мамлакат инро шунида бо тапончаи падараш ӯро паронданӣ мешавад, вале ӯ мегӯяд, ки ҳамон ҳунарпеша, яъне падари фарзандат ман ҳастам ва мехоҳам бо ту оиладор шавам ва ба фарзандам насаби худ — Булочкин гузорам. Алик аз тарс бемори хоби олудагӣ мешавад, аҳолии деҳа аз Мамлакат қотеъона талаб мекунанд, ки ба Алик ба шавҳар барояд. Мамлакатро ҳамсояҳо тақиб мекарданд. Ӯ ба болои боми чойхона баромада, Насриддин симҳои бодкашҳоро расиш дода сақфи чойхона аз деворҳо ҷудо мешавад ва ба самти боло ҳаракат мекунад. Мамлакат дар болои бом буд ва чордардаш шурӯъ мешавад.
Дар нақшҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Чулпан Ҳаматова — Мамлакат
- Морис Бляйбтрой — Насриддин, бародари Мамлакат
- Ато Муҳаммадҷонов — Сафар, падари Мамлакат
- Николай Фоменко — Булочкин, лётчик; худро Ясир мегуфт
- Мераб Нинидзе — Олимҷон (Алик)
Ҷоизаҳо ва номзадиҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1999 — кинофестивали байналмилалӣ дар Токиё — ҷоиза барои хулосаи бадеӣ (Бахтиёр Худойназаров)
- 2000 — Ҷоизаи «Золотой овен» барои филми беҳтарин (Игор Толстунов)
- 2000 — кинофестивал «Кинотавр» дар Сочи
- Шоҳҷоизаи «Садбарги тилоӣ» (Бахтиёр Худойназаров)
- Ҷоизаи ҳаками тамошобин барои беҳтарин нақши занона (Чулпан Ҳаматова)
- 2000 — кинофестивал «Листапад» дар Минск — дипломи махсуси ҳаками синематографҳо — «барои ҳамоҳангӣ ва бадеияти забони филм», «барои сеҳри кино» (Бахтиёр Худойназаров)
- Ҷоиза барои беҳтарин фаъолияти режиссорӣ (Бахтиёр Худойназаров)
- Номинатсия ба ҷоизаи барои Беҳтарин филм
- Номинатсия ба ҷоизаи барои Беҳтарин нақши занона (Чулпан Ҳаматова)
- Номинатсия ба ҷоиза барои Беҳтарин сенария (Ираклий Кврикадзе, Бахтиёр Худойназаров)
- Номинатсия ба ҷоиза барои Беҳтарин овоз (Рустам Аҳадов)
- 2002 — кинофестивали «Бригантина» — ҷоиза барои беҳтарин нақши занона (Чулпан Ҳаматова)
- 2009 — Фестивали филмҳои Русия «Спутник над Польшей» дар Варшава
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Лунный папа» в Энциклопедии отечественного кино Бойгонӣ шудааст 3 марти 2016 сол.
- «Лунный папа»(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- Наталья Сиривля Восточно‒западный продукт. «Лунный папа», режиссёр Бахтиер Худойназаров // Искусство кино : журнал. — 2000. — № 6.