Рустам Комилов
Комилов Рустам Саъдуллоевич | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 1 декабр 1963 (61 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа[d] (1999) |
Алма-матер |
Рустам Комилов (Комилов Рустам Саъдуллоевич; зод. 1 декабр 1963, ноҳияи Орҷонкидзеобод, НТҶ) — шарқшинос ва файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1999), профессор[1], Аълочии маорифи Тоҷикистон (2001).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рустам Комилов 1 декабри 1963 дар ноҳияи Орҷонкидзеобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1985) ва аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (1992) аст.
Коронома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллими мактаби миёна (1985—1987), омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Институти давлатии санъати Тоҷикистон (1988—1989), омӯзгори кафедраи таърихи фалсафаи ДДМТ (1992—1994), дотсент (1995—2001) ва профессори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ (2001), мудири кафедраи фалсафаи Институти фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002—2005), профессори кафедраи фалсафаи ДМТ (аз соли 2005).
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Доираи таҳқиқоти Рустам Комилов таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии халқи тоҷик, таърихи фалсафаи илм, фалсафаи ҳуқуқ, дин, сиёсат ва суханшиносӣ буда, муаллифи беш аз 200 кори илмӣ, методӣ ва оммавӣ мебошад.
Таҳти роҳбарии Рустам Комилов 3 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таълимоти иҷтимоӣ-ормонӣ дар таърихи фалсафаи асрҳои 13-15 тоҷик. Д., 1993;
- Мухтасари таърихи адён. Д., 1995;
- Сайре дар олами иқтисодии ҷаҳони ислом. Д., 1996;
- Назарияи ҷомеаи ормонӣ дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик: аз аҳди бостон то қарни 16. Д., 1997;
- Аз таърихи афкори иҷтимоӣ-сиёсии аҳди Сомониён. Д., 1998;
- Фарҳанги мухтасари ҷаҳонбинӣ. Д., 2002;
- Фалсафаи ҳуқуқ. Д., 2005;
- Фалсафаи илм (ҳаммуаллиф). Д., 2008.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Кафедра истории философии и социальной философии(рус.). ТНУ (20 Декабри 2024). 12 феврали 2025 санҷида шуд.
Адбиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Комилов Рустам / А. Раҳмонқулов // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.
- Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Д., 2008;
- Фалсафаи тоҷик аз аҳди бостон то имрӯз. Д., 2011.