Рухсатии бе музди меҳнат
Рухсатии бе музди меҳнат - ба корманд бинобар вазъи оилавӣ ва дигар сабабҳои узрнок мутобиқи аризааш рухсатии бемаош дода мешавад, ки давомнокии онро шартномаи байни корманд ва корфармо муайян мекунад. Рухсатии бе музди меҳнат мувофиқи аризаи корманд ба таври ҳатмӣ ба инҳо дода мешавад:
1. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахӯрони коркунанда то 14 рӯзи тақвимӣ;
2. Ба волидайн ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи кишвар ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар фронт фавтидаанд - ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ;
3. Ба маъюбоне, ки кор мекунанд - соле то 2 моҳ;
4. Дар дигар ҳолатҳое, ки дар қонунҳо ва дигар санадҳон меъёрӣ, инчунин қарордодҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 398
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |