Jump to content

Рӯзи ҷаҳонии волидон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аксҳо

Рӯзи ҷаҳонии волидон (ба дигар забонҳои расмии СММ: англ. International Day of Families, ар. اليوم الدولي للأسر, исп. Día Internacional de las Familias, фр. Journée internationale des familles) — дар иҷлосияи 66 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (қарордоди№ A/RES/66/292) сентябри соли 2012 қабул шудааст. Ин ҷашн аз соли 2013 ҳамасола ба муносибати ҷашни волидони ҷаҳон 1 июн қайд карда мешавад. Ҳадафи ҷашн — беҳдошти қимматҳои умумибашарӣ, муҳофизат ва паҳн намудани он ҳамчун як сутуни мустаҳками ахлоқи ҳамидаи оилавӣ мебошад. Оила (пеш аз ҳама волидон) барои тарбияву муҳофизати кӯдакон ҷавбгар буда дар муҳити оила ба инкишофи ҳамаҷонибаи саодат мандона, бо муҳаббат саҳмихешро мегузоранд. Волидон дар ҳамаи кунҷу канори дунё бе истиснои фарқияти миллӣ, нажодӣ, динӣ ва маданӣ мураббия ва муаллимони асосии кӯдакон мебошанд. Волидон ҷанини оила ва асоси ҷомеаи инсонӣ мебошанд.[1]

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]