Сабӯс
Сабӯс (форсӣ: سبوس), маҳсули дуюмдараҷаи саноати орд; пӯсти ғалладона, ки баъд аз бехтани орд дар элак боқӣ мемонад. Вобаста ба навъи ғалладонае, ки аз он орд мекашанд, С. якчанд хел мешавад: Сабӯси гандум, ҷавдор, ҷав, шолӣ, марҷумак ва ғ. С.-ро ба дурушт (калон) ва маҳин (майда) низ ҷудо мекунанд. С. (бештар С.-и гандум ва ҷавдор) барои чорво хӯроки пурқиматест. Серғизоии С. ба миқдори гарди орди таркибаш вобаста аст: ҳар қадар орд кам ва пӯсти дон зиёд бошад, ғизонокӣ ҳамон қадар паст мешавад. Таркиби химиявии С.-и гандум ба ҳисоби миёна (%) чунин аст: 14,8 об, 15,5 протеин, 3,2 равған, 8,4 клетчатка, 53,2 моддаҳои қиёмии бенитроген, 4,9 хокистар. Дар 100 кг С. 71 – 78 воҳиди хӯрокӣ ва 12,5 – 13 кг протеини ҳозим мавҷуд аст.
Хусусиятҳои давоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Хусусиятҳои давоии сабӯс аз замонҳои қадим маълуманд. Буқрот ва Абӯалии Сино ба беморон истеъмоли нон ва ғизои аз С. таҳияшударо тавсия мекарданд. Нони серсабӯс ба ҳазми ғизо кумак мерасонад. Аҳамияти С. барои пешгирии бемориҳои омосӣ низ калон аст. Насҷ (клетчатка)-е, ки дар таркиби С. вуҷуд дорад, барои дар организм боздошта шудани об мусоидат мекунад. Бинобар ин, С. муҳтавои рӯдаро тунук (суюқ) ва аз рӯдаи ғафс ҳаракат кардани онро осон менамояд. Аҳамияти С. барои рафъи қабзият низ маҳз дар ҳамин хусусияти он аст. Насҷи С., ки зери таъсири об варам мекунад, токсинҳо ва диг. моддаҳои нолозими дар рӯда ғуншударо ҷаббида, аз организм хориҷ месозад. Дар натиҷа моддаҳои зарарнок ба луобпардаи рӯда нисбатан кам таъсир мерасонанд ва ҳамин тавр, хавфи пайдоиши саратони рӯдаи ғафс ва бавосир коҳиш меёбад. Насҷи таркиби С. барои микрофлораи муфиди рӯда ғизои беҳамто мебошад. Насҷи С.-и гандум ҳамчунин раванди ҳосил шудани талхаро ба эътидол меорад, холестерини «бад»-ро, ки дар натиҷаи аз ҷигару рӯдаҳо гузаштани талха пайдо мешавад, ҷаббида мегирад. С. ҳазми карбогидратҳоро дар организм кам ва афзоиши савияи глюкозаро дар таркиби хун пешгирӣ мекунад. Бинобар ин истеъмоли С.-и гандум барои одамони гирифтори диабети қандӣ муфид аст. Бино ба маълумоти мутахассисон дар таркиби ғизо ҳамроҳ кардани С. пайдоиши бемориҳои атеросклероз, тахикардия, аритмия, сактаи дил ва сактаи мағзи сарро пешгирӣ менамояд. С. бо неруи мардӣ низ тақвият мебахшидааст. С.-ро пеш аз истифода 20 – 30 дақ. дар оби ҷӯш тар карда мемонанд. Сипас обро оҳиста мерезанд ва «шавла»-и боқимондаро ба таом илова мекунанд ё ҳамин тавр бо чумча мехӯранд (аз болояш об нӯшидан лозим аст). Одами калонсол бояд дар муддати 2 ҳафта рӯзе 1 қошуқча С. истеъмол намояд; минбаъд миқдори онро зиёдтар мекунанд (рӯзе 1-қошуқӣ 3 маротиба). Баъд аз он ки фаъолияти рӯдаҳо дуруст шуд, боз чанд муддати дигар рӯзе 2 қошуқча С. ё нони серсабӯс истеъмол карда мешавад. Миқдори шаборӯзии истеъмоли С. 30 – 50 г аст. Истеъмоли С.-и гандум барои одамоне, ки аз бемории вазнин хестаанд, ҳамчунин барои пирсолон ва кӯдакони заиф аҳамияти калон дорад. Бо ин мақсад 1 қошуқ С.-ро ба 2 истакон об андохта, 30 – 40 дақ. меҷӯшонанд. Баъди хунук шуданаш ба он 1 қошуқ асал ҳамроҳ карда, рӯзе 3 – 4 маротиба 50 г-ӣ мехӯранд. Барои табобати бронхит ба 1 л оби ҷӯш 400 г С. андохта, дар давоми рӯз гармогарм истеъмол мекунанд. Бино ба ақидаи табибони мардумӣ С.-и гандумро дар сирко як шаб тар карда, баъд тафсонда бухорашро ба машом бикашанд, зукумро дафъ мекунад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғ.Қ. Мироҷов. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989;
- Энциклопедия народной медицины, т. 7.
- Лекарственные растения, М., 2000.