Саид Савлатов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Савлатов Саид)
Саид Савлатов
Саид Савлатов
Таърихи таваллуд 17 май 1940(1940-05-17) (83 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент

Саид Савлатов (тав. 17. 05. 1940, деҳаи Чихохи ноҳияи Ванҷ), биологи тоҷик, номзади илмҳои биологӣ (1972), дотсент (1983).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1959–1964 дар Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таҳсил намуда, онро бо ихтисоси аграном-олим хатм намудааст. Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шуравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1965–1967 мутахассиси заминсозӣ дар ноҳияи Ванҷ, 1967–1970 аспиранти Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1970–1972 ассистенти кафедраи ботиника, 1973– 1975 дотсенти кафедраи дарвинизм ва асосҳои хоҷагии қишлоқи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1976–1989 ҳамчун дотсенти кафедраи зоология, 1984–1989 мудири кафедраи зоологияи донишкадаи омӯзгорӣ кор кардааст. Солҳои 1988–2008 ба ҳайси дотсенти кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият намудааст. Аз соли 1998 то имрӯз вазифаи муовини декани факултети биология оид ба илм ва ҳамзамон аз соли 2009 вазифаи мудири кафедраи зоологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро ба уҳда дорад.

Муаллифи зиёда аз 68 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, аз ҷумла «Биологияи умумӣ барои синфҳои 10 ва 11» (2006), «Дастури таълимӣ оид ба ҳалли масъалаҳо биологӣ» (2006), «Генетика» (2010), «Дастур барои гузаронидани корҳои амалӣ аз Генетика» (2010), «Дастури тестӣ аз биология барои гузаронидани олимпиадаи хонандагон» (2010), «Дастури тестӣ аз биология барои гузаронидани олимпиадаи байналмилалӣ» (2010) мебошад. Яке аз мураттибони стандарти давлатии биология барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ (1998–2009) аст. Дар тадқиқотҳои илмии худ қонуниятҳои меросгузории аломатҳоро дар наслҳои гибридии пахта, таъсири омилҳои физикӣ ва химикӣ ба баъзе ҳашаротро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Бо ифтихорномаҳои Вазорати мактабҳои олии ИҶШС ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984) мукофотонида шудааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]