Виктор Садовничий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Виктор Садовничий
2019 Viktor Sadovnichiy.jpg
Санаи таваллуд:

3 апрел 1939(1939-04-03)[1] (81 сол)

Зодгоҳ:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

таҳлили риёзӣ[d], риёзиёт ва theory of differential equations[d]

Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои физика ва метематика[d]

Алма-матер:
Роҳбари илмӣ:

Anatoliĭ Gordeevich Kostyuchenko[d]

Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Виктор Садовничий дар Викианбор

Ви́ктор Анто́нович Садо́вничий (тав. 3 апрели 1939, Краснопавловка (ноҳияи Лозовский), вилояти Харков, УССР) — олим, доктори илмҳои физика ва метаматика (1974), профессор (1975). Академики АИР (1997), Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008).

Зиндагинома[вироиш]

Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм кардааст (1963). ихтисос — «равишҳои математикии таҳлили системаҳои мураккаб». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: моделсозии математикӣ, усулҳои математикии коркарди иттилоот. Мудири кафедраи таҳлили функсионалӣ ва таълиқоти факултаи математикаи ҳисоббарорӣ ва кибернетика (1981—1982), мудири кафедраи таҳлили математикии факултаи математикаву механика (1982 — то имрӯз), муовини ноиби ректор, ноиби ректор (1982—1984), ноиби авали ректор (1984—1992), ректори (1992 — то имрӯз) ДДМ ба номи М. В. Ломоносов. Ноиби президенти АИР (2008 — то имрӯз).

Мукофот[вироиш]

Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Барои хизмат баҳри Ватан» дараҷаи 2, 3, 4, медали тиллои ба номи М. В. Келдиш ва мукофотҳои дигар тақдир шудааст. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1989), Ҷоизаи давлатии ФР (2002), Ҷоизаи президентии сулҳ ва мувофиқати маънавӣ (Қазоқистон, 1998), ҷоизаи ба номи М. В. Ломоносов (1973).[2]

Эзоҳ[вироиш]

  1. http://russiapedia.rt.com/prominent-russians/science-and-technology/viktor-sadovnichy/
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.