Jump to content

Сайидаҳмад Васлии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Саидаҳмади Васлӣ)
Сайидаҳмад Васлии Самарқандӣ
форсӣ: سید احمد وصلی سمرقندی
Таърихи таваллуд: 1869, 1870 ё 1896
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 29 октябр 1925(1925-10-29) ё 1925
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ, тоҷикӣ, арабӣ, Uzbeki Arabic[d], ӯзбекӣ ва тоторӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Саид Аҳмади Васлии Самарқандӣ (1869, 1870 ё 1896, Самарқанд29 октябр 1925 ё 1925, Самарқанд) — шоир[1], мударрис, забоншинос, рӯзноманигор ва донишманди тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саид Аҳмади Васлӣ дар соли 1870 таваллуд шуда, 29 октябри соли 1929 вафот намудааст. Саид Аҳмади Васлӣ аз гузари Кушҳавзи Самарқанд буда, дар мадрасаҳои Самарқанд, Тошканд ва Бухоро илмҳои расмии замонашро омӯхтааст.

Чанде дар Бухоро ва баъдтар дар Самарқанд мударрисӣ ҳам кардааст. Доир ба сарфу наҳви арабӣ «Нафъуттолиб» ном шарҳи кофия навиштааст. Сарфу наҳви забони тоҷикӣ-форсиро низ ба усули забони араб тартиб дода буд. Дар аввалҳои ҷорӣ шудани усули ҷадида дар Самарқанд баъзе рисолаҳои тоҷикӣ таълиф кардааст. Баъзе таълифоти илмӣ ва таърихии дигар, низ дорад, ки қисме аз онҳо ба чоп расида буд.

Аввалин девони ашъори Васлӣ тақрибан иборат аз чаҳор ҳазор байт буда, соли 1909 дар Самарқанд ба табъ расидааст.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]
Биё, биё ки ба ҷон оразат гулоб диҳад,
Марав, марав, ки дилам рухро ҷавоб дихад.
Сазад, ки зинда кунӣ мурдаи ғамат ба даме,
Лабат ба сокии кавсар шароби ноб диҳад…

Аз мазмуни ғазал маълум аст, ки Васлӣ дар иншои он аз як қатор образҳои шоиронаи услуби «бедилӣ» истифода бурдааст. Ғазалҳои Васлӣ дар равони писанди ҳамагонанд. Дар як ғазали ӯзбекии Саидаҳмад Васлӣ чунин омадааст:

Бир кеча хучрам сари, ҷоно шаоб айлаб келинг,
Ой каби рухсорингизни беникоб айлаб келинг.
Офтоби оразингиз бирла тунни кун килиб,
Шум ракибим учраса каттик итоб айлаб келинг…

Ғазали мазкур низ дар қолаби анъанавӣ офарида шуда, қофия ва радифаш низ бамаврид дар шакли мувофиқ оварда шудааст. Иштиёқи дидори ёр қаҳрамони лирикиро водор месозад, ки бар мавзӯи ишқӣ ғазал офарад. Ғазал аз лиҳози мавзӯъ ва мундариҷа низ пурра анъанавӣ буда, дар он васфи ҷамоли ёр бо воситаҳои тасвири бадеии анъанавӣ ифода гардидааст.

Аммо метавон дар ашъори Саидаҳмад Васлӣ оҳангҳои иҷтимоиро низ мушоҳида кард. Дар ин бобат таъсири адабиёти маорифпарварии тоҷику ӯзбек равшан намудор аст. Гарчи дар мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявии осори Васлӣ таҷдиди назар мушоҳида карда шавад ҳам, қолиб ва шакли осори бадеии ӯ дар асосу суннатҳои адабии классикӣ офарида шудааст. Маъюсию бадбахтӣ, шикваю норозигии ичтимоӣ, мавзӯҳои иҷтимоии ашъори шоирро асос гардиданд. Аммо бояд зикр кард, ки ин афкори адиб то ба дараҷаи мавзӯи асосии осори адиб қарор нагирифтаанд. Умуман то ибтидои асри ХХ дар осори адибони намоёнтарини тамоми ҳудудҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар саросари водии Зарафшон ва муҳити адабии Самарқанд дар қатори мавзӯъ ва оҳангҳои нави иҷтимоӣ идомаи анъанаҳои аз ҳама хуби адабиёти классикиро низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Сарв арчи дарахти нотарошида бувад,
Мавзунии ӯ ҳаме писандида бувад.
Аз ростӣ шуд мушобеҳи қомати ёр,
Он кас, ки дурӯғ гуфт, нодида бувад.