Саидаҳтам Давлатов
Саидаҳтам Давлатов | |
Таърихи таваллуд | 10 май 1943 (81 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ховалинг, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | сиёсатшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои сиёсатшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Саидаҳтам Давлатов (тав. 10.05.1943, деҳаи Зардакии ноҳияи Ховалинг), сиёсатшинос, номзади илмҳои фалсафа (1989), дотсент (1991).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1969 факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1969–1970 муаллими кафедраи коммунизми илмии донишкадаи номбурда, 1970–1971 лектори КМ комсомоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1971–1974 аспирант, 1974–1989 муаллими калон ва дотсенти кафедраи коммунизми илмии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченеко буд. Солҳои 1979–1981 ҳамчун декани факултети ихтисосҳои ҷамъиятии донишкадаи омӯзгорӣ кор кардааст. Солҳои 1993–1998 вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраевро ба уҳда дошт. Аз соли 1999 то ба имрӯз дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи 3 асар ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст, ки дар онҳо масъалаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятиро баррасӣ намудааст. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995) ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Звенои муҳими тарбияи интернатсионалии ҷавонон, Д., 1977;
- Тарбияи интернатсионалӣ ва ватандустии ҷавонон, Д., 1989;
- Тарбияи коммунистии меҳнаткашон, Д., 1997.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 10 май
- Зодагони соли 1943
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ховалинг
- Номзадҳои улуми сиёсатшиносӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Кимиёшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон