Саидбобохон Аҳрорӣ
Зодгоҳ: | деҳаи Хистеварз, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 6 июн 1927 |
Маҳалли даргузашт: | Хистеварз |
Навъи фаъолият: | шоир, маорифпарвар |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Саидбобохон Аҳрорӣ (соли 1890 Хистеварз, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — 6 июни соли 1927, ҳамон ҷо) — маорифпарвари тоҷик, поягузори аввалин мактаби «усули ҷадид» дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидбобохон Аҳрорӣ соли 1890, деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст ва 15 июли соли 1973 дар худи ҳамон деҳа вафот кардааст. Аҳрорӣ маорифпарвари тоҷик, поягузори аввалин мактаби «усули ҷадид» дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, аз шаҷараи Хоҷа Аҳрори Валӣ, бародари Беҳҷати Аҳрорӣ мебошад.
Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, солҳои 1908–09 дар мактаби русии маҳаллии Хӯқанд таҳсил кардааст. Ибтидои соли 1910 дар маҳаллаи Қалъаи Хистеварз бо номи «Муҳаммадия» мактаби усули нав бунёд кард, ки дар он 30 нафар хонанда таҳсил мекарданд. Толибилмон дар мактаби Аҳрорӣ дар баробари Қуръон ва заруриёти динӣ, риёзӣ, ҷуғрофия, таърих, табиатшиносӣ ва дигар фанҳои дунявиро меомӯхтанд. Таҳсил дар ин мактаб ройгон буд ва муаллимон аз ҳисоби Аҳрорӣ бо маоши муайян ва хӯроку ҷойи хоби бепул таъмин карда мешуданд. Соли 1913 мактаби Аҳрорӣ баста ва дар заминаи он соли 1914 дар маҳаллаи Сангчамазори Хистеварз мактаби русии маҳаллӣ кушода шуд, ки он то соли 1918 фаъолият дошт.
Аҳрорӣ ҳамзамон ба парвариши набототу рустаниҳо шуғл варзида, дар маҳаллаи Ҳавзаки Хистеварз дар масоҳати 5 га гулбоғе бунёд кардааст, ки дар байни мардум бо номи «Боғи тӯрам» маълуму машҳур аст. Аҳрорӣ соли 1926 ин боғро ба давлат ҳадя мекунад, ки он то соли 1965 чун осоишгоҳи ҳукуматӣ арзи вуҷуд дошт. Солҳои 1933–37 дар шуъбаи хоҷагидории комиҷроияи шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) кор карда, дар ободонию сабзкории пойтахт саҳм гузоштааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳрорӣ дар пайравии Бедил ва Туғрал бо тахаллуси «Наимӣ» шеърҳо эҷод кардааст. То имрӯз танҳо як дафтари ашъораш маҳфуз мондааст, ки беш аз 100 ғазалу мухаммасро дар бар мегирад. Намунае аз ашъори Аҳрорӣ:
- Тоқи абрӯяш магар аз ҷавҳари гул сохтанд,
- Оҳуваш чашми сиёҳ аз барқи соиқ сохтанд.
- К-аз хироми нози ӯ мавҷе парад, шавқ оварад,
- Ҳамчу тӯфон бар муҳаббат мавҷи гирдоб сохтанд...
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.