Саидмурод Фаттоҳзода
Саидмурод Фаттоҳзода | |
|---|---|
| Фаттоҳзода Саидмурод Самад | |
| 26 июли 2007 — 15 декабри 2014 | |
| Пешгузашта | Кароматулло Олимов |
| Ҷонишин | Абдуҷаббор Раҳмонзода |
|
|
|
| Таваллуд | 1958 |
| Ҳизб | Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ |
номзади илмҳои сиёсатшиносӣ доктори илмҳои фалсафа |
| Ҷоизаҳо |
|
| Фаъолияти илмӣ | |
| Фазои илмӣ | сиёсатшиносӣ, фалсафа |
Саидмурод Фаттоҳзода (Фаттоҳзода Саидмурод Самад; тав. 15 ноябри соли 1958, Кӯлоб, Тоҷикистон) — корманди давлатии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ (2001), доктори илмҳои фалсафа (2013), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001) аст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаттоҳзода Саидмурод Самад 15-уми ноябри соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.
Соли 1981 Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро бо тахассуси рӯзноманигор, корманди адабии рӯзнома, сиёсатшинос бо дипломи аъло хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро соли 1981 аз хабарнигории нашрияи Ҳизби коммунисти вақт «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») оғоз кардааст. Сипас, ба хидмати низомӣ даъват шуда ва аз соли 1984 то соли 1986 дар сафҳои Артиши Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон хидмат кардааст.
Солҳои 1987—1989 хабарнигори калони рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» буд.
Дар солҳои 1991 то 1993 дар оғози Истиқлол дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ (мушовири маркази матбуоти КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёвари ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёвари муовини Раиси Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият дошт.
Солҳои 1993—1994 дар симати ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1994—2007 дар вазифаи мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
26 июли соли 2007 Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин шуд. Дар ин симат вай Кароматулло Олимовро иваз кардааст. Аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёвари президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин гардид.
Аз моҳи декабри соли 2014 то кунун муовини якуми раиси ҲХДТ мебошад.
Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа мебошад.
Ҷоизаву орденҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Ситораи сурх», Грамотаи фахрии Президиуми Шурои Олии ИҶШС, унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «10-солагии иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Собиқадори амалиёти низомӣ», медали «Ба размандаи интернасионалист аз мардуми сипосгузори Афғонистон», медали «20-солагии хуруҷи нерӯҳои Шуравӣ аз Афғонистон» ва медали тилоии «Ниҳоли дӯстӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шудааст.
Ҳамсар ва се фарзанд дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Чеҳра: Саидмурод Фаттоҳзода — TOJNEWS