Саидмуҳаммад Каримов
Саидмуҳаммад Носирович Каримов | |
Таърихи таваллуд | 20 май 1936 |
Зодгоҳ | Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 17 январ 2012 (75 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Саидмуҳаммад Носирович Каримов (20 майи1936, Ӯротеппа 17 январи 2012, Хуҷанд) — физикдон, доктори илмҳои физикаю математика (1985), профессор (1987), узви вобастаи АУ ҶТ (1993), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1993), Арбоби шоистаи илми ҶТ (1990). Собиқадори меҳнат. Аълочии маорифи халқи ҶТ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидмуҳаммад Носирович Каримов 20 майи соли 1936 дар шаҳри Ӯротеппа ба дунё омадааст. Днонишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ро хатм кардааст (1959). Аспирант (1961—1964), ходими хурди илмии лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳо (1964—1965), мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (1965-68), декани факултаи физикаи Днонишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1968—1986), ректори ДДОЛ ба номи С. М. Киров — Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1986—1994), сарвари Маркази илмии хуҷандии АУ ҶТ (1996—2005), мудири шуъбаи физикаи Маркази илмии хуҷандии АУ ҶТ (аз с.2005). Каримов муҳаққиқи барҷастаи соҳаи физика ва механикаи полимерҳо, бунёдгузори самти нави илмии «Кинетикаи вайроншавии полимерҳои шуозада» мебошад. Муаллифи 25 китоб ва 400 асари илмӣ, ки дар ҷумҳурӣ ва хориҷа ба нашр расидаанд.[1] Тадқиқоти илмиаш ба ҳалли масъалаҳои илмию амалии консепсияи кинетикии мустаҳкамӣ ва масъалаҳои мустаҳкамии радиатсионии полимерҳо бахшида шудааст. Дар давраи роҳбарии Каримов дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд якчанд кафедра ва факултаҳо, аз қабили иқтисодӣ, тиббӣ, техникӣ, филологияи ӯзбек, таърих, география ба фаъолият оғоз карданд, барои гузаштан ба усули таълими зина ба зина асос гузошта шуд. Таҳти роҳбарии Каримов чанд нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд. Вакили анҷумани VII-и омӯзгорони ҶТ ва анҷумани 1-уми коркунони маорифи халқи ИҶШС, анҷуманҳои ХХI-ХХII, ХV-и ҲК Тоҷикистон, депутати шӯроҳои шаҳр, вилоят ва ШО Тоҷикистон (даъвати XII) интихоб шудааст. Соли 2000 ба узвияти «Рафоқати ҷаҳонии иттиҳоди заминдорӣ» (Канада) бо ҳуқуқи интихобӣ дар тамоми давраи мавҷудияти ин ташкилот пазируфта шуд. Соли 2001 бо қарори Шӯрои нашриёти Пажӯҳишгоҳи тарҷумаи ҳолии ИМА ҳамчун пешвои барҷаста дар соҳаи физикаи ҷисмҳои сахт ба нашри ёздаҳуми китоби «Маълумотномаи байналмилалии пешвоёни барҷаста» дохил шудааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барандаи Ҷоизаи ба номи Б.Ғафуров, бо нишони «Барои комёбиҳои шоиста дар соҳаи маълумоти олии ИҶШС», медали «Барои хидмати шоиста», медали ҷашнии «10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶТ» мукофотонида шудааст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сомонаи ДДХ ЁДОВАРӢ АЗ СОБИҚ РЕКТОРИ ДДХ-САИДМУҲАММАД КАРИМОВ(пайванди дастнорас)
- ↑ ДДХ Тавсифномаи Омӯзгорон
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. — 500 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 20 май
- Зодагони соли 1936
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Истаравшан
- Даргузаштагони 17 январ
- Даргузаштагони соли 2012
- Докторони улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Кимиёшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон