Саидолим Комилҷон Саидмирзо
Саидолим Комилҷон Саидмирзо | |
Таърихи таваллуд | 10 май 1968 (56 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Масчо ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Саидолим Комилҷон Саидмирзо (тав. 10.05.1968, д. Падроғи н. Масчо) — адабиётшинос, номзади илмҳои филология (2003).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидолим Комилҷон Саидмирзо хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1986- 1993). Аспиранти кафедраи адабиёти ДДОТ (1993-1997), омӯзгори кафедраи забонҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-1998), нозири калони шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД ҶТ (1998-2000), ходими калони илмии шуъбаи илм ва табъу нашри Академияи ВКД ҶТ (2000-2004, сардори шуъбаи ташкилӣилмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД ҶТ (2004-2006), мудири кафедраи забонҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-2011), ноиби ректори ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа оид ба тарбия (2012-2014), ноиби ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ (2014-2017). Аз соли 2017 инҷониб дар вазифаи омӯзгори калони кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тасвири инсон дар ҳикояву тамсилоти «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. Д., 2007;
- Фарҳанги сиёсӣ (дастури таълимӣ), (ҳаммуаллиф). Д., 2007;
- Этикаи касбӣ ва корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ (дастури методӣ) (ҳаммуаллиф). Д., 2008;
- Краткий словарь общеисламских терминов (ҳаммуаллиф). Д., 2015;
- Фарҳанги калима, ибора ва истилоҳоти исломӣ (дастури таълимӣ бо забони англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ ҳаммуаллиф. Д., 2015;
- Таҳияи кори (лоиҳаи) курсӣ аз рӯи барномаи бакалавриат (дастури методӣ). Д., 2016;
- Таҳияи кори (лоиҳаи) дипломӣ аз рӯи барномаи бакалавриат (дастури методӣ). Д, 2016.