Саид Аҳмади Васлӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Саид Аҳмади Васлӣ
Сурат
Навъи фаъолият:

шоир

Санаи таваллуд:

1870

Зодгоҳ:

Самарқанд

Санаи марг:

29 октябр, 1929

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Саид Ахмади Васлӣ дар соли 1870 таваллуд шуда, 29 октябри соли 1929 вафот намудааст. Саид Аҳмади Васлӣ аз гузари Кушхавзи Самарқанд буда, дар мадрасаҳои Самарқанд, Тошканд ва Бухоро илмҳои расмии замонашро омухтааст.

Чанде дар Бухоро ва баъдтар дар Самарқанд мударрисӣ ҳам кардааст. Доир ба сарфу нахҳви арабӣ "Нафъуттолиб" ном шарҳи кофия навиштааст. Сарфу нағви забони тоҷикӣ-форсиро низ ба усули забони араб тартиб дода буд. Дар аввалҳои ҷорӣ шудани усули ҷадида дар Самарқанд баъзе рисолахои тоҷикй таълиф кардааст. Баъзе таълифоти илмй ва таърихии дигар, низ дорад, ки қисме аз онхо ба чоп расида буд. Аввалин девони ашъори Васлй такрибан иборат аз чағор ғазор байт буда, соли 1909 дар Самарқанд ба табъ расидааст. Намунаи ашъори Васлй:

Ғазал[вироиш]

Биё, биё ки ба ҷон оразат гулоб диҳад,
Марав, марав, ки дилам рухро чавоб диҳад.
Сазад, ки зинда кунй мурдаи гамат ба даме,
Лабат ба сокии кавсар шароби ноб диғад.
Якин, ки хусну чамолат зи мехру мох накуст,
Ҳазор таъна зи хубӣ бар офтоб диҳад.
Махи чабини ту оромгохи нуру сафост,
Сафову нур ба хуршеду мохтоб дихад.
Ба пир(ӣ) ман зи шароби лаби ту нӯш кунам,
Ҳамон шароб маро қуввати шубоб диҳад…
Рӯбарӯ то ба ман он шӯхи парирухсора шуд,
Чайби тангинам зи як тири нигохаш пара шуд.
То дучорам шуд шудам ночору зору мустаманд,
Корам аз хайрат чу оина хаме наззора шуд.
Гаштам аз дарду гамаш бечора набвад чорасоз,
Дар илочам хар табиби чорагар бечора шуд.
Гашта будам аз наволи хони васлаш сарфароз,
Вокеъ аз ман шеваи эхсони у якбора шуд.
Ман намедонам кй гардонид руяшро зи ман,
Чашмам аз гиря ба куяш чашмаи фаввора шуд.
Сухт охам хона метарсам, ки сузад оламе,
Дуд будам, дуртар норафта оташпора шуд…

Аз мазмуни ғазал маълум аст, ки Васли дар иншои он аз як катор образхои шоиронаи услуби “бедилй” истифода бурдааст. ғазалхои Васли дар равони писанди хамагонанд. Дар як ғазали узбекии Саидахмад Васлй чунин омадааст:

Бир кеча хучрам сари, чоно шаоб айлаб келинг,
Ой каби рухсорингизни беникоб айлаб келинг.
Офтоби оразингиз бирла тунни кун килиб,
Шум ракибим учраса каттик итоб айлаб келинг.
Каши келганни киё бокмак ила бисмил этиб,
Ишкингиз утига кунгиллар кабоб айлаб келинг.
Кузларимдан учди уйку куз тутиб ташрифингиз,
Эмди шахло кузларингиз нимхоб айлаб келинг.
Сухбати мастонангиз яхши эрур эй масти ноз,
Узни бир оз май ичиб масти шароб айлаб келинг.
Васлии очиз дуоси булгусидир мустачоб,
Касди бир нега дуои мустачоб айлаб келинг.

Ғазали мазкур низ дар қолаби анъанавӣ офарида шуда, қофия ва радифаш низ бамаврид дар шакли мувофиқ оварда шудааст. Иштиёки дидори ёр қаҳрамони лирикиро водор месозад, ки бар мавзӯи ишкӣ ғазал офарад. Ғазал аз лиҳози мавзӯъ ва мундариҷа низ пурра анъанавӣ буда, дар он васфи ҷамоли ёр бо воситаҳои тасвири бадеии анъанавӣ ифода гардидааст. Аммо метавон дар ашъори Саидаҳмад Васлӣ оҳангҳои иҷтимоиро низ мушоҳида кард. Дар ин бобат таъсири адабиёти маорифпарварии тоҷику узбек равшан намудор аст. Гарчи дар мавзӯъ ва мундаричаи гоявии осори Васлй тачдиди назар мушохида карда шавад хам, колиб ва шакли осори бадеии у дар асосу суннатхои адабии классикӣ офарида шудааст. Маъюсию бадбахти, шикваю норозигии иҷтимоӣ, мавзӯҳои иҷтимоии ашъори шоирро асос гардиданд. Аммо бояд зикр кард, ки ин афкори адиб то ба дараҷаи мавзӯи асосии осори адиб қарор нагирифтаанд. Умуман то ибтидои асри ХХ дар осори адибони намоёнтарини тамоми ҳудудҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар саросари водии Зарафшон ва муҳити адабии Самарканд дар қатори мавзӯъ ва оҳангҳои нави иҷтимоӣ идомаи анъанаҳои аз ҳама хуби адабиёти классикиро низ мушоҳида кардан мумкин аст.

Аз рубоиёт[вироиш]

Сарв арчи дарахти нотарошида бувад,
Мавзунии ӯ ҳаме писандида бувад.
Аз ростӣ шуд мушобеҳи қомати ёр,
Он кас, ки дурӯғ гуфт, нодида бувад.
Хуш он ки зи ҳимматаш саҳо меборад,
Дар мазраъи дил ғами вафо мекорад.
Дар дил тамаъе надорад аз ҳеҷ касе,
Бадбахт касе, ки тамаъ аз кас дорад.
Рӯят ба маҳу меҳри фалак мемонад,
Кас пеши ҷамоли ту ба шак мемонад.
Мондӣ ба дарад рақиби мардумозор,
К-он шум ба кеши бад ба саг мемонад.