Сайдуллоҳи Амин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сайдуллоҳи Амин
Сайдуллоҳи Амин
Санаи таваллуд:

7 декабри 1940

Зодгоҳ:

ноҳияи Қубодиён

Навъи фаъолият:

шоир

Сайдуллоҳи Амин - шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1999)

Зиндагинома[вироиш]

Сайдуллоҳи Амин 7 декабри соли 1940 дар деҳаи Гузари Болои ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Дар овони тифлӣ шиканҷаи қисмат ба ӯ фишор оварда, аз лутфу навозишҳои падар маҳрумаш сохтааст. Дар мактаби деҳа толибилми ҷӯянда буда, бо баҳоҳои хубу аъло таҳсил кардааст. Аз хурдсолӣ ошиқи каломи бадеъ ва шеъру сухан гардида, ба хотири такмилу рушди истеъдоди шоирӣ донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шудааст. Бар асари мушкилоти рӯзгор таҳсилотро ба анҷом расонида натавониста, муддате ба наҷҷорию замбӯрпарварӣ пардохтааст.

Эҷодиёт[вироиш]

Китоби нахустини ашъораш «Тахти Қубод» соли 1984 бо ҳидояти Мирсаид Миршакар ба табъ расидааст. Солҳои минбаъда маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Тахти сангин», «Таронаҳо», «Рубоиёт ва дубайтиҳо», «Чаҳорҷӯи мавзун», «Чаҳорбарга», «Роғун», «Тӯмори ишқ», «Ғазалҳои муосири Қубодиён» интишор ёфтаанд. Дар тӯли даҳ соли охир ба эҷоди романи манзуми «Спитамон» шуғл варзидааст, ки мураттаб аз ҳазор байт буда, қисми якуми онро соли 2014 нашриёти «Адиб» аз чоп баровард. Дар ин асар муборизаи қаҳрамононаи ниёгони моро бо сарварии Спитамон бар зидди истилои Искандари Мақдунӣ инъикос намуда, аз ғояҳо ва андешаҳои олии ватандӯстӣ саршор аст.[1]

Сарчашма[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 36-37 ISBN 978-99947-2-379-9