Сайидюнуси Истаравшанӣ
Бурҳонов Юнус Аббосович | |
Таърихи таваллуд | 13 декабр 1969 |
Зодгоҳ | Ӯротеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Падар | Аббос Бурҳонов |
Модар | Офиятхон Сафоева |
Сайидюнуси Истаравшанӣ (Бурҳонов Юнус Аббосович[1]; 13 декабри 1969, Ӯротеппа, ҶШС Тоҷикистон) — донишманди дин, устоди фалсафа ва ҳикмат ва коршиноси масоили сиёсӣ мебошад.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сайидюнуси Истаравшанӣ 13 декабри соли 1969 дар шаҳри Истаравшани Тоҷикистон зода шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна, вориди Донишкадаи рассомии шаҳри Саратови Русия шуд, вале соли 1989 онро нотамом гузошта озими шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шуд ва дар маҳзари Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ чанд соле ба таҳсили улуми динӣ пардохт[2].
Истаравшанӣ аз соли 1994 то соли 1999 дар Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с)-и Эрон дар риштаи фалсафа ва маорифи исломӣ таҳсил ва дар соли 2001 вориди Донишгоҳи Димишқи Сурия дар риштаи «Фалсафа ва ҳикмат» шуд ва то соли 2007 машғули таҳсил дар ин маркази илмӣ буд ва ноил ба дарёфти мадраки коршиносии аршад (фавқуллисонс)-и ҳамин ришта шуд.
Ӯ аз соли 2008 то охирҳои соли 2014, ҳамзамон бо таҳсил дар риштаи Иҷтиҳоди исломӣ, ҳамчунин дар Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с)-и Эрон ба ҳайси устоди фалсафа машғул ба кор шуд.
Алон Сайидюнуси Истаравшанӣ устоди фалсафа ва ҳикмат дар яке аз донишгоҳҳои машҳури Ховари Миёнаанд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Истаравшанӣ дорои беш аз 21 таълиф (аз ҷумла «Бидоят-ул-мубтадӣ», «Омӯзиши мантиқ», «Дарсҳое аз ахлоқ», «Даромаде бар балоғат ва фасоҳати арабӣ», «Германавтика аз нигоҳи Хойдегер», «Омӯзаҳое аз Қуръон» ва ғайра) ва низ мақолоти илмӣ ва таълиқот бар кутуби мухталифи динӣ ва фалсафӣ мебошад[2].
Фаъолияти сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Анҷумани Озодандешони Тоҷик
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар 12-уми феврали соли 2018, 6 нафар аз зиёиёни тоҷик, ки Сайидюнуси Истаравшанӣ ҳам байни онҳо буд, хабар аз таъсиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик доданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ОЁ ШИЪА ШУДАНИ НАҲЗАТИЁН ТУҲМАТ АСТ? Далелҳои қатъӣ дар бораи мазҳаби шиъаро пурра қабул кардани роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ(тоҷ.). khovar.tj. АМИТ "Ховар". 3 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Декабри 2020.
- ↑ 2.0 2.1 Муаллиф(тоҷ.), Кимиёи саодат (10 марти 2015). Бойгонӣ шудааст 3 май 2017 сол. Проверено 13 Декабри 2017.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кимиёи саодат(тоҷ.). Пойгоҳи сиёсӣ-фарҳагии Сайидюнуси Истаравшанӣ. Кимиёи саодат. 13 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 октябри 2017.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |