Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сайид Абдулло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайид Абдулло
Сайид Абдулло
Таваллуд ноҳияи Ховалинг
Навъи фаъолият шоир

Сайид Абдулло - шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайид Абдулло 15 августи соли 1935 дар деҳаи Фаркаки ноҳияи Ховалинг ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 Омӯзишгоҳи тиббии Душанбе, соли 1965 Донишгоҳи дорусозии Пятигорскро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар соҳаҳои дорусозӣ ва доруфурӯшии ҷумҳурӣ фаъолият бурдааст.

Дар ашъораш, асосан, манфиати гиёҳҳо ва хосияти шифобахшии онҳоро меситояд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Дармони ҷон» (1983) «Мардумгиёҳ» (1985), «Дунёи дил» (1986), «Обшорон» (1989), «Дорухонаи табиат» (1991) «Даври ҳазору як дард» (1995 бо ҳамкории Ҷ. Азонзод), «Хоби равшан» (2005) ва ғ. мебошад.[1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 20 ISBN 978-99947-2-379-9