Сайфиддин Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сайфиддин Абдуллоев
Навъи фаъолият:

кишоварз, пахтакор, муҳаррири газета

Санаи таваллуд:

1908(1908)

Зодгоҳ:

ноҳияи Исфара

Санаи марг:

1983(1983)

Ҷоизаҳо:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1957
Ордени Ленин
Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II Ордени Ситораи Сурх

Сайфиддин Абдулло́ев (1908, Исфара – 1983, ҳамон ҷо) — Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1956).

Зиндагинома[вироиш]

Чоряккор (1924 – 1928), корманди шӯрои маҳаллӣ (1928 – 31), таҳсил дар курсҳои олии педагогии Тошканд (1932 – 33), котиби комитетҳои комсомолии ноҳияҳои Исфара ва Куйбишев (1933 – 37), муҳаррири рӯзномаи «Коммунисти Исфара» (1937 – 38), муовини директор ва сардори шӯъбаи сиёсии Стансияҳои мошину тракторҳо (1938 – 45), муовин ва раиси хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Исфара (1946 – 65). Аз соли 1965 нафақагири шахсӣ.

Ордену медалҳо[вироиш]

Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]