Сайфиддин Давлатзода
Сайфиддин Давлатзода | |
|---|---|
| Давлатзода Сайфиддин Хайриддин | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 25 сентябр 1970 (55 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Данғара |
| Кишвар | |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
| Унвонҳои илмӣ | академики АМИТ |
| Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе (1996) |
| Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2011), Медали «Хидмати шоиста»(2021) |
Сайфиддин Давлатзода (Давлатзода Сайфиддин Хайриддин; зод. 25 сентябри 1970, деҳаи Талхоб, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб) — зистшинос, доктори илмҳои биология (2013)[1], узви вобастаи АМИТ (2017).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сайфиддин Давлатзода 25 сентябри соли 1970 дар деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара ба дунё омадааст[2]. Баъди хатми мактаби миёна соли 1988 дар идораи савдои шаҳри Норак ба ҳайси борбардор фаъолияти худро оғоз намудааст Солҳои 1988—1990 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1991 дар мактаби миёнаи рақами 51-и ноҳияи Данғара ба ҳайси сарпешоҳанг кор карда, соли 1991 ба факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ш. Ҷӯраев дохил шуда, соли 1996 факултети мазкурро хатм намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1996—1998 — ба ҳайси ассистенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
- 2000—2005 — омӯзгори калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии ДАТ;
- 2006—2007 — дотсенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
- 2007—2009 — ба ҳайси мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
- 2009—2010 — мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2010—2014 — сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф;
- 2014—2015 — сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2015—2018 — сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2018—2020 — муовини вазири Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2020—2024 — ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар;
- Аз 29 январи соли 2024 — раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»[3].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1998—2000 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти ботаникаи АИ ҶТ таҳсил кардааст[4]. Рисолаи номзадӣ ва докториро солҳои 2005 ва 2013 дар шаҳри Новосибрскии Шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Русия дифоъ намудааст. Аз соли 2017 узви вобастаи АМИТ мебошад.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 60 мақолаи илмӣ, се монография, 5 барномаи таълимӣ, 4 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошад
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф (2009), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011) ва медали «Хидмати шоиста» (2021)[1] қадрдонӣ шудааст.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Давлатзода Сайфиддин Хайриддин // Донишномаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. — Д. : СИЭМТ, 2021 С. 48-49. — 328 с. — ISBN 978-99985-0-003-7
- ↑ Давлатзода Сайфиддин. hkhdtkhatlon.tj. 3 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2023.
- ↑ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин. vak.tj. 25 сентябри 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин — Доктори илмҳои биологӣ. Донишгоҳи давлатии Бохтар. 3 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 май 2022.