Jump to content

Сайфиддин Назарзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайфиддин Назарзода
Таърихи таваллуд 3 ноябр 1956(1956-11-03) (67 сол)
Зодгоҳ Танобчӣ, ноҳияи Темурмалик
Фазои илмӣ забоншиносӣ

Сайфиддин Назарзода (Эрназаров Сайфиддин Бойназарович; зод. 3 ноябри 1956, деҳаи Танобчӣ, ноҳияи Совет) — забоншинос, доктори илмҳои филология (2004), профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2017)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайфиддин Назарзода 3 ноябри соли 1956 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Совети (ҳоло Темурмалик) вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон соли 1980—1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС адои хидмат намудааст;

  • 1984—1985 — сарлаборанти кафедраи филологияи Эрони факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 1985—1990 — муҳаррири сарредаксияи гуфторҳои хориҷии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон;
  • 1990—1992 — корманди калони илмӣ ва Котиби илмии Кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 1992—1993 — директори барномаҳои радиои Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон;
  • 1993—2000 — муовини раиси Кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти назди АИ ҶТ;
  • 2000—2003 — иҷрокунандаи вазифаи Раиси кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти назди Раёсати АИ ҶТ;
  • 2003—2004 — муовини раиси Кумита ҷумҳурии истилоҳоти назди Раёсати АИ ҶТ;
  • 2004—2006 — Раиси Кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти назди АИ ҶТ;
  • 2006—2011 — Директори Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ АИ ҶТ;
  • 2011—2014 — декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 2014—2017 —директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Сайфиддин Назарзода вакили маҷлиси ноҳияи Шоҳмансур ва узви комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур буд.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайфиддин Назарзода соли 2004 дар мавзӯъи «Истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсии забон тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо» рисолаи докторӣ навишта онро бо муваффақият ҳимоя намуд. Сайфиддин Назарзода ба ғайр аз корҳои илмиву амалӣ, барномаҳои илмиву таҳқиқотии хешро низ фаъолона анҷом медиҳад. Натиҷаи ин гуна фаъолиятҳо таҳияи асарҳои илмии «Аҷоиб-ул-махлуқот» ва вожашиносии таърихии форсӣ-тоҷикӣ", 1999, (210 саҳ), маҷмуаи «Афғонистони имрӯз» (ба забони руси), 1988. (қисми қувваҳои мусаллаҳ) «Забон ва истилоҳот» (Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ ва ташаккули истилоҳот)-Душанбе 2003 (148с.) «Лингвистическое изучение классических письменных памятников» (Пажӯҳиши забонии осори хаттии классикӣ), 2004 (333с.), «Ташаккули истилоҳоти иҷтимоӣ — сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи ХХ», 2004 (303с.) «Забон ва ваҳдати миллӣ» 2007, 120 саҳ. ва дигар мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ ва ширкат дар симпозиуми конференсияҳои илмӣ мебошад. Аз ҷумла, таи ин муддат аз тарафи ӯ бештар аз 170 мақола ва асарҳои илмӣ навишта шудааст.

Дар Институти забон ва адабиёт ба ғайр аз роҳбари умумӣ ва фаъолияти созмондиҳии илмӣ ӯ роҳбари мавзӯъи илмии «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ» ва роҳбари таҳия «Фарҳанги тафсири забони тоҷик» (дар ду ҷилд) буда, аз соли 2009 роҳбари таҳияи "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ (дар 6 ҷилд) ва «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» буд. Таҳияи «Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ» (тартибдиҳанда ва раиси ҳайати таҳририя) соли 2008 ба анҷом расид ва ду ҷилд дар остонаи ҷашни Истиқлол, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1150- солагии устод Рӯдакӣ чоп гардид.

Сайфиддин Назарзода дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ саҳми арзанда дошта, 13 нафар аспиранту унвонҷуй таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои илмии худро анҷом дода, ҳимоя кардаанд, ки ду нафари онҳо рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.

  • Фарҳанги мухтасари истилоҳоти коргузорӣ. — Душанбе, «Симурғ», 1993, 120 саҳ.
  • Асноди додраси тафтишоти пешакӣ/ мураттибон М. Аслам, Сайфиддин Назарзода, Ҳ. Қаҳҳор, муҳарири масъул М.Ҳ. Султон. — Душанбе,1994, 224 саҳ.
  • Луғати истилоҳоти иқтисолӣ (русӣ-тоҷикӣ)/ таълифи С.Ҳабибов ва дигарон. Таҳрири С.Назарзода ва М. Ҳ. Султон — Душанбе 1999, 260 саҳ.
  • Луғати мухтасари русӣ-тоҷикии истилоҳоти гумрук./ мураттибон Аҳмадҷон Сияров ва Абдурасул Шарипов, муҳаррири масъул С.Назарзода. — Душанбе 1999, 220 саҳ.
  • Луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳарбӣ./ мураттибон П. Нурбахш ва дигарон, таҳрири Сайфиддин Назарзода ва М. Ҳ. Султон. — Душанбе, 2003, 780 саҳ.
  • Фарҳанги истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ/Мураттиб Сайфиддин Назарзода. — Душанбе 2006, 220 саҳ.
  • Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, дар ду ҷилд./ мураттибон Назарзода С. ва дигарон. — Душанбе, чопи аввал 2008 ва чопи дувум 2010.
  • Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ./ мураттибон Сайфиддин Назарзода ва дигарон, ҷилди аввал, ҳарфи «А». — Душанбе, 2011
  • Медали «Барои хидмати ҷангӣ» Укази Шӯрои Олии СССР аз 22-сентябри соли 1982;
  • Медали «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР»;
  • Медали «Ба сарбози интернатсионалист аз халқи қадрдони Афғонистон» Фармони Президенти Ҷумҳурии Афғонистон аз 15-маи соли 1988;
  • Ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 28-декабри соли 1988;
  • Ифтихорномаи фахрии Вазорати Мудофиаи ҶТ, феврали соли 2003;
  • Барандаи ҷоизаи ба номи Осимии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ, соли 2009;[1]
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (2016).
  1. [ http://kmt.tj/?category=2&article_id=2 Роҳбарияти Китобхонаи мллии Тоҷикистон]
  • Назарзода Сайфиддин // Кӯлоб. Энсиклопедия. — Д.: СИЭМТ, 2006. — 640 с. — ISBN 5-89870-071-4.