Jump to content

Сайфинаҷот Аминҷонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайфинаҷот Аминҷонов

Сайфинаҷот Аминҷонов (16.9.1935, Хуҷанд – 5.2.2005, ҳамон ҷо) — духтури муолиҷ. Доктори илмҳои тиб (1987), профессор (1990), Аълочии тандурустии СССР (1975).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1957). Духтури муолиҷаи беморхонаи минтақавии деҳаи Исмоили ноҳияи Хуҷанд (1957 – 59), аспиранти Пажӯҳишгоҳи тибби кишварӣ (1960 – 63) ва корманди Пажӯҳишгоҳи гас-троэнтерологияи АИ ҶТ (1963 – 89), мудири кафедраи таълими бемориҳои даруни ДДТТ (1989 – 92), директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Хуҷанд (1992 – 98), мудири кафедраи терапияи госпиталии филиали ДДТТ дар Хуҷанд (1998 – 2005). Муаллифи беш аз 100 кори илмист, ки ба масъалаҳои гувориш ва нафаскашӣ бахшида шудаанд. Иштирокчии бисёр конференсияву форумҳои байналмилалӣ. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гаштааст.