Jump to content

Сайф Алихон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайф Алихон
англ. Saif Ali Khan
Ном ҳангоми таваллуд англ. Sajid Ali Khan Pataudi
Таърихи таваллуд 16 август 1970(1970-08-16)[1] (54 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша ҳунарпешаи синамо, ҳунарпешаи телевизиюн, таҳиякунандаи филм
Падар Mansoor Ali Khan Pataudi[d]
Модар Шармила Тагор
Ҳамсар Карина Капур
Фарзанд Соро Алихон, Ibrahim Ali Khan[d], Taimur Ali Khan[d] ва Jehangir Ali Khan[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сайф Алихон (ҳиндӣ: सैफ़ अली ख़ान, урду: سیف علی خان) - ҳунарпешаи синамои Ҳинд. Сайф Алихон низ монанди аксари ҳунарпешагони ҳинду дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст.

Падари ӯ наввоби Патодӣ Мансур Алихон Патодӣ аст. Модараш Шармила Тагор, яке аз зеботарин ҳунармандони айёми худ буд. Сайф оиладор мебошад. Завҷаи ӯ ҳунарпешаи шинохта Карина Капур буда, онҳо соҳиби фарзанде ҳастанд.

Иштирок дар филми «Ошиқ овора» ба Сайф Алихон ва Мамта Кулкарнӣ шуҳрати беандоза овард. Ин филм ба чандин забонҳо тарҷума гардид. Вале филмҳои ояндаи ӯ «Dil Теrа Diwana», «Ҷаноби Ошиқ», «Имтиҳон», «Parampara» ва ғайра он қадар бомуваффақият набаромаданд. Сайф Алихон қариб буд тарки синамо кунад. Ғайр аз ин, тамошобинон чунин меҳисобиданд, ки ӯ ҷиддӣ нест ва нақшҳои марказиро нағз офарида наметавонад. Вале иштирок дар филми «Yen Dillagi» ба Сайф имконияти тозаеро барои боз ба қатори ситорагони муваффақи Болливуд дохил шудан, фароҳам сохт. Дар ин филм бо ӯ ҳамроҳ Акшай Кумар ва Каҷол нақшофаринӣ карданд. Се филми дигари баъд аз он баромада - «Ole Ole», «Hothon Pe Bus Tera Naam» ва «Main Khiladi Tu Anari» (бо ҳамроҳии Акшай Кумар) нисбатан комёб буданд. Аммо ин давра низ дер давом накард. Боз филмҳои минбаъдаи ӯ, аз қабили «Tu Chor Main Sipahi» ба нокомӣ дучор гардиданд.

Ин ҷоро ҳам бингаред

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайф Алихон дар базаи маълумоти Интернет