Сайёра Садикова
Намуди зоҳирӣ
Сайёра Садикова | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 19 ноябр 1982 (43 сол) |
| Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | таърих, |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
| Алма-матер | Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
Сайёра Абдурақибовна Садикова (зод. 19 ноябри 1982, Душанбе) — таърихнигор, номзади илмҳои таърих, омӯзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сайёра Садикова соли 2005 факултети технология ва дизайни Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм намудааст.
- Аз соли 2004 то соли 2005 — Оператор маркировщики сехи буриш дар ЧСП Гулистон ва соли 2006 ҳамчун тарроҳ — конструктор кор кардааст.
- Аз соли 2006 то соли 2008 — Ассистенти кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ ва тарҳрезӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва аз соли 2008 то соли 2014 муаллими калони кафедраи нобурда.
- Соли 2009 — муовини декан оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимии факултети стандартизатсия, технология ва дизайни Донишгоҳи технологии тоҷикистон.
- Аз соли 2014 то ҳол муаллими калони кафедраи Дизайни либос ва санъати мӯди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
- Аз 3 апрели соли 2023 — ходими илмии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ӯ 22 сентябри соли 2022 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таърихи пайдоиш ва такмили ҳунари кешбофии тоҷикон (ҳазорсолаи IV то м. — нимаи аввали асри XX)» дифоъ кардааст. Муаллифи 11 мақолаи илмӣ доир ба мавзӯъ мебошад.[1]