Салими Баҳуполӣ
Зоҳир
Муҳаммадалӣ Ҳасан Салими Баҳуполӣ (форсӣ: محمد علی حسن سلیم بهوپالی[1]; 1862 — 1913/23) — тазкиранигор ва шоири форсизабони Ҳиндустон, фарзанди Сиддиқ Ҳасанхон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Салими Баҳуполӣ ба тафсиру ҳадис таваҷҷуҳ дошта, дар панҷсолагӣ омӯзиши Қуръонро сар кард. Сарфу наҳв ва адаби форсиро аз устодонаш Мавлавӣ Муҳаммадайуб, Мавлавӣ Анваралӣ ва Мавлавӣ Илоҳибахши Файзободӣ омӯхтааст. Тазкираи «Нигористони сухан» (1876) ба қалами ӯ тааллуқ дорад, ки такмилаи «Шамъи анҷуман» аст. Китобҳои «Арафа-л-ҷодӣ мин ҳада-л-ҳодӣ» (1878) ва «ан-Наҳҷу-л-мақбул мин шароеъи-р-расул» (1879) низ аз осори Салими Баҳуполӣ мебошанд.
Байти зер аз ӯст:
Ту Калим, нек сурудаӣ, дили мо зи ҷой рабудаӣ
Ба шигарфсанҷии Бедилу ба хуҷастагии мақоли ӯ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ سلیم بهوپالی، محمدعلی حسن (بهوپال ۱۲۸۳ ق) - ویکیجو | دانشنامه آزاد پارسی. wikijoo.ir. 22 июни 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Калим / Ф. Маҳмадуллоев // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.