Сиддиқ Ҳасанхон
Сиддиқ Ҳасанхон | |
|---|---|
| ар. محمد صديق خان بن حسن بن علي ابن لطف الله الحسيني البخاري القنوجي[1] | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 14 октябри 1832[2] ё 1832[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 26 майи 1890[2] ё 1890[1] |
| Маҳалли даргузашт | |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Навъи фаъолият | муҳаддис, муфассир, вазир, Nawab, нависанда |
Сиддиқ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон (форсӣ: محمدصدیق حسن خان قنوجی; 14 октябри 1832[2] ё 1832[1], Барейлӣ[d], Company rule in India[d] — 26 майи 1890[2] ё 1890[1], Бҳупол[d], Роҷи Бритониё) — тазкиранавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бҳупол зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ба забонҳои форсӣ (45 асар), арабӣ (74 асар) ва урду (103 асар) эҷод намудааст. 197 таълифоти Сиддиқ дар матбаҳои Ҳиндустон, Миср ва Туркия ба табъ расидаанд. Тазкираи «Шамъи анҷуман»-и Сиддиқ дар омӯзиши шеъру адаби форсӣ яке аз сарчашмаи муҳим ба шумор меравад. Дар ашъори форсӣ (тоҷикиаш) «Наввоб» тахаллус кардааст. Ин шеърҳои ӯ бештар дар пайравии классикони форс-тоҷик Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Урфӣ, Назирӣ, Соиб ва дигарон гуфта шудаанд. Сиддиқ дар инкишофи адабиёти форсизабони Ҳиндустон (Бҳупол) саҳми арзандае дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 5 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 6. — С. 167.
- 1 2 3 4 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сиддиқ / А. Ғаффоров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).