Jump to content

Салими Замони Бухорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Салими Замони Бухорӣ
Навъи фаъолият: шоир

Салими Замони Бухорӣ (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ҷараёни зиндагиаш маълум нест. Салим шоири зиндадил ва хуштабъ буда, дар байни аҳли адаби замонаш мақоми намоём доштааст. Тазкиранависон хабар медиҳанд, ки Салим бо забони тезу тунд ҳамзамономашро ҳаҷв мекард. Дар «Музаккиру-л-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ аз як ғазали Салим 4 байт намуна оварда шудааст. Ин байтҳо, ҳарчанд чандон мазмуни баланд надоранд, ба сабки содаи қадима ва тарзи ифодаи ҷолиби диққат иншо шудаанд.

  • Салими Замони Бухорӣ / С. Саъдиев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).