Jump to content

Салими Зарафар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Салими Зарафшонӣ Салими Зарафшонфар соли 1963 дар шаҳри Панҷакент дида ба ҷаҳон кушодааст. Маълумоташ миёна мебошад. Салим барвақт ба меҳнат шурӯъ карда, мусаҳҳеҳи нашриёти "Ирфон", котиби масъули маҷаллаи тиббии "Шифо" ва муҳаррири шуъбаи адабии радиои тоҷик шудааст. Алҳол котиби масъули маҷаллаи "Истиқбол" аст. Соли 1990 нахустмаҷмӯаи ашъораш "Хунбаҳо" бо пешгуфтори Лоиқ Шералӣ аз тариқи нашриёти "Адиб" пешкаши хонандагон шуд. Соли 1995 нашриёти "Пайванд" қиссаи воқеии фоҷиавии ӯ "Зери заҳрханди Аҳриман"-ро ба чоп расонд. Зарафшонфар пораҳоеро аз осори фалсафии Артур Шопенҳауэр, Ян Фейеш, Константин Сиолковский, ҳамчунин намунаҳоеро аз ашъори Маҷнун (Қайс ибн ал Мулавваҳ), Франческо Петрарка, Роберт Бернс, Иоан Волфганг Гёте, Шарл Бодлер, Шандор Петефӣ, Робиндронат Такур, Гиём Аполлинер, Титсиан Табидзе, Константин Балмонт ва ғайра аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардонидааст. Ба қавли устод Лоиқ: "Салим мактаби шоириро (ба он маънӣ ки маъмул аст) нагузаштааст, валек шоирест табиатзода, устоде надорад, аммо боҷуръатона қалам меронад. Забони ифодааш солису ғанист". Салим аз шоирони ҷавонест, ки ба шеъру шоирӣ назари ҷиддӣ дошта, навиштаҳояш гувоҳи онанд, ки ӯ аз илми арӯз огоҳии комил дорад ва тавонистааст дар бозгӯи маънӣ ва тасвири воқеоту манзара, интихоби мавзӯъу бозёфтҳои шоирона комёб бошад. Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагон аст. ОМУРЗИШ

Рӯдакӣ, устоди устодони шеър,
Рӯдакӣ, эй пири пирони сухан,
Ту гуноҳамро бубахшӣ, ки ба каф,
Ҷуръате карда, гирифтам хома ман.
Бар тилозанҷири назме, ки бувад
Шеъри ту сарҳалқае бар ҳалқаҳош,
Суд на, афзоям ар ман як-ду ҳарф
Ҳамчунон мисҳалқа бар зарҳалқаҳош.
Лек чун аз дудмони тустам,
Сӯхта бе шеъри тар коҳад дилам.
Гоҳ-гоҳе қатра-қатра хешро
Рӯи сафҳа рехтан хоҳад дилам.
Дасти вақт аз сина чун з-афшонае
Баски таҳбези ҳавас афшондааст,
Fуссаву дарди Ватан дар синаам
Гандуми сарбезворӣ мондааст.
Ёфтам худро, зибас дарёфтам,
Ки бувад меҳри сухан-меҳри Ватан.
Ёфтам худро, зибас дарёфтам;
Бе сухан ман беватан хоҳам будан.
Гар наям шаҳмарди "Шаҳнома"-саро,
Шеъри ман бодо санои номи ӯ.
Байти Саъдӣ зинда дорад лафзи мо,
Номи ман бодо фидои номи ӯ.
Ман намехоҳам зи аъмоқи қурун
Розҳое баркушояд шеъри ман,
Зинда то андар дили дилмурдае
Ёди мозиро намояд шеъри ман.
То яке дилхуфта дилбедор буд,
Субҳ бодо шеъри ман дар шабгаҳон.
Гар намонад номи ман, аз шеъри ман
Дар диле меҳри Ватан монад, бимон…
Чун гуноҳи босавобе карданист,
Авф кун бар тифлаки эҷодҳо.
Азми густохонаи ӯро бубахш,
Рӯдакӣ, устоди беустодҳо!