Салими Зарафшонфар
Таърихи таваллуд: | 5 август 1963 (61 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон |
Салими Зарафшонфар (зод. 5 август 1963, Панҷакент, вилояти Суғд) — шоир, нависанда, рӯзноманигор[1] ва тарҷумони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996)[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Салими Зарафшонфар 5 августи соли 1963 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1988 Душанбе омада, дар нашриёти «Ирфон» ба кор пардохтааст. Минбаъд, солҳои гуногун, дар маҷаллаҳои «Шифо»-ву «Фирӯза», ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Радиои тоҷик, муассисаҳои нашриявии «Деваштич», «Ҳумо», «Эҷод» ифои вазифа намудааст. Чанде тарҷумони ҳафтаномаи «Муҳаббат» ва корманди маҷаллаи «Истиқбол» буд.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ — «Хунбаҳо» бо пешгуфтори устод Лоиқ соли 1990 дар нашриёти «Адиб» чоп шудааст. Маҷмӯаи дувуми шеърҳояш «Сад най фиғон» соли 2003 аз чоп баромадааст. Салими Зарафшонфар дар ҷодаи наср низ қувва меозмояд. Се қиссаи хурди ӯ: «Зери заҳрханди Аҳриман», «Ду овора» ва «Шоҳасп» дар шакли китобҳои алоҳида дастраси хонандагон гардидаанд.
Соли 2007 «Мунтахаби назму наср»-аш аз чоп баромадааст. Соли 2013 маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳояш «Нақши нахустин»-ро нашриёти «Адабиёти рус» ба табъ расондааст. Ҳамчунин, муаллифи романи «Ангезаи охирин» мебошад. Аз рӯи қиссаи «Ду овора» дар Студияи телевизиони «Сафина» филми ҳунарии «Доғ» ба навор гирифта шудааст.
Ҳамроҳи Ҳасани Ёрзод маҷмӯаҳои «Ориённома» (иборат аз ду ҷилд) «Зи „Шаҳнома“ гетӣ биёростаст» ва «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй»-ро тартиб додаву мунташир гардондааст.
Намунаҳои ашъору ҳикоёти чанде аз адибони рус, белорус, олмон, турк, ҷопон, чечен ва ғайраро аз русӣ ба тоҷикӣ гардонидааст.
Тарҷумонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тарҷумаи романи нависандаи инглис Шарлотта Бронте «Ҷен Эйр», романҳои нависандагони фаронсавӣ Ги де Мопассан «Дӯсти дилнавоз», Эмил Золя «Саҳифаи муҳаббат», қиссаҳои нависандагони рус И.Тургенев «Обхези найсон», А.Куприн «Дастпонаи ақиқнигин» ва нависандаи швед Пер Лагерквист «Марианна» зодаи заҳмати ӯ ҳастанд.
Ҳамчунин, пораҳоеро аз осори фалсафии А.Шопенҳавэр, Ян Фейеш, К.Сиолковский, намунаҳоеро аз ашъори Маҷнун (Қайс ибн ал Мулавваҳ), Ф.Петрарка, Р.Бёрнс, И. В. Гёте, Ш.Петефӣ, Р.Такур, К.Балмонт ва диг. аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷум кардааст[2].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000);
- Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011);
- Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2019)[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Одили Нозир. Салими Зарафшонфар: Ман аз нафақа метарсам…. Pressa.tj (4 августи 2023). 14 май 2025 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 ЗАРАФШОНФАР САЛИМ. ИНТ. 14 май 2025 санҷида шуд.
- ↑ Салим Зарафшонфар. proza.ru. Проза.ру. 14 май 2025 санҷида шуд.